Савдои одамон яке аз зуҳуроти хавфноки ҷиноятҳои фаромиллӣ ба ҳисоб рафта, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаъну шараф ва амнияти ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Дар ҷаҳони муосир мубориза бар зидди ин падида ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон аҳаммияти махсус дода, дар ин самт заминаи устувори ҳуқуқӣ ва ташкилии худро таҳким бахшидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва Паёмҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва мубориза бо ҳама гуна ҷинояткорӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат мебошад. Пешвои миллат борҳо зикр намудаанд, ки рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд танҳо дар сурате имконпазир аст, ки шаҳрвандон аз ҳар гуна таҳдидҳо, аз ҷумла аз истисмор, зӯроварӣ ва савдои одамон эмин бошанд.
Бо ташаббуси роҳбарияти олии давлат қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо савдои одамон мунтазам такмил дода шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани ёрӣ ба қурбониёни савдои одамон” қабул гардидааст. Ҳамзамон, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои миллӣ амалӣ шуда, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо сохторҳои байналмилалӣ барои пешгирии ин ҷиноят тақвият меёбад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки қурбониёни асосии савдои одамон занон, кӯдакон ва ҷавононе мебошанд, ки бо сабаби камбуди иттилоот, муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ ва фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба доми истисмор меафтанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, яке аз роҳҳои муҳими пешгирии ин ҷиноят мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавононро ба донишандӯзӣ, касбомӯзӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва эҳтироми қонунҳо ҳидоят намуда, таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашаванд. Ин ҳидоятҳо имрӯз барои пешгирии савдои одамон низ аҳаммияти калон доранд, зеро аксари ҷинояткорон маҳз аз ноогоҳӣ ва боварии беасоси шаҳрвандон истифода мебаранд.
Дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таълимӣ, оила ва аҳли ҷомеа низ вазифадоранд дар корҳои фаҳмондадиҳӣ саҳми фаъол гузоранд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва касбӣ метавонад хатари гирифторшавии онҳоро ба чунин ҷиноятҳо коҳиш диҳад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу амният эътироф гардидааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва амнияти байналмилалӣ бозгӯи он мебошанд, ки кишвари мо ҷонибдори ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон дар тамоми ҷаҳон мебошад. Муқовимат ба савдои одамон низ ҷузъи муҳими ин сиёсати инсонпарварона ба ҳисоб меравад.
Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки мубориза бо савдои одамон танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти муштараки ҷомеа мебошад. Бо баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, эҳтиром ба қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳамкории ҷомеа метавон пеши роҳи ин ҷинояти вазнинро гирифт.
Дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва таъмини амнияти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳифзи шаъну шарафи инсон, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва муборизаи беамон бар зидди савдои одамон минбаъд низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Муқовимат бо савдои одамон кафили ҳифзи ҳуқуқи инсон, таҳкими амнияти миллӣ ва рушди устувори ҷомеа буда, ҳар як сокини кишвар бояд дар ин роҳи муҳим саҳми арзандаи худро гузорад.
Ахмедов Мустақимҷон.,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара

