• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Муқовимат ба терроризм ва экстремизм – вазифаи муштараки ҷомеа ва ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ

Migration Service by Migration Service
22.07.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муқовимат ба терроризм ва экстремизм – вазифаи муштараки ҷомеа ва ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар самти таъмини амният, сулҳу субот ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ сиёсати устуворро пеш мебарад. Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир, ки ба амнияти давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад, терроризм ва экстремизм мебошад. Ин падидаҳои номатлуб марзу миллат, дину мазҳаб, қавму нажодро намешиносанд ва метавонанд ба ҳар кишвари ҷаҳон хатар эҷод намоянд.

Бо дарназардошти чунин вазъ, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамчун роҳнамои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа мавриди амал қарор дорад.  Ҳадафи асосии он пешгирии омилҳои тундгароӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ мебошад. Яке аз самтҳои муҳими татбиқи ин стратегия фаъолияти фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумор меравад. Ҳамасола ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаи худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Аксари онҳо бо меҳнати ҳалол обрӯи миллатро баланд мебардоранд ва дар пешрафти иқтисодиёти оила ва давлат саҳми арзишманд мегузоранд. Бо вуҷуди ин, баъзе гурӯҳҳои ифротӣ дурӣ аз Ватан, мушкилоти иҷтимоӣ, надонистани қонунҳо ё истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ суиистифода намуда, кӯшиш мекунанд муҳоҷиронро ба ақидаҳои ифротгароёна ҷалб намоянд. Онҳо бо ваъдаҳои бардурӯғ, таблиғоти дурӯғин ва маълумоти таҳрифшуда ҷавононро фиреб дода, мехоҳанд онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразнок истифода баранд.

Аз ҳамин сабаб, ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ бояд донад, ки ҳифзи худ аз чунин таъсирҳо пеш аз ҳама масъулияти шахсии ӯст. Пеш аз сафар ва ҳангоми будубош дар хориҷи кишвар зарур аст қонунҳои давлати қабулкунандаро риоя намояд, танҳо бо ҳуҷҷатҳои расмӣ фаъолият кунад, аз ҳамнишинӣ бо шахсони шубҳанок худдорӣ варзад ва ба ҳар гуна даъватҳои дорои хусусияти сиёсӣ ё мазҳабии ифротӣ бовар накунад. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз воситаҳои асосии паҳн намудани маводи ифротгароёна табдил ёфтаанд.   Баъзе афрод тавассути саҳифаҳои қалбакӣ, гурӯҳҳои пӯшида ва наворҳои таҳрифшуда кӯшиш мекунанд ҷаҳонбинии ҷавононро тағйир диҳанд.   Аз ин рӯ, фарҳанги истифодаи дурусти интернет, санҷиши дурустии маълумот ва дурӣ ҷустан аз саҳифаҳои шубҳанок аҳамияти калон дорад.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдор мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро миёни шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, баргузор менамояд.  Дар чунин вохӯриҳо масъалаҳои риояи қонунгузорӣ, муҳоҷирати қонунӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон шарҳу тавзеҳ дода мешаванд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки онҳо намояндаи Тоҷикистон мебошанд. Рафтор, одоб, фарҳанг ва меҳнати ҳар як шаҳрванди тоҷик обрӯи давлатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, эҳтироми қонун, садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ бояд ҳамеша роҳнамои фаъолияти онҳо бошад.

Муқовимат ба терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин рисолати ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Агар ҳар як падару модар дар тарбияи фарзандон масъулиятшинос бошад, омӯзгор донишу маърифат омӯзонад, зиёиён ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои тарбиявиро тақвият бахшанд ва ҳар як шаҳрванд нисбат ба тақдири Ватан бетараф набошад, заминаи густариши андешаҳои ифротӣ аз байн меравад.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созандаи худ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм саҳми назаррас мегузорад. Ин сиёсати дурбинона моро водор месозад, ки дар ҳифзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳушёрии сиёсиро пешаи худ қарор диҳанд. Зеро сулҳу субот, амният ва оромии кишвар неъмати бебаҳоянд ва ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

Насриддинзода Аҳтам.,  Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Шаҳбури Ҷамоати деҳоти И. Шарифи ноҳияи Данғара

Next Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Ашт

Next Post
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Ашт

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Ашт

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.