Барои вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим аъзои гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо сокинони маҳаллаи Теми шаҳр вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ баромадкунандагон вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанг, бахусус фарҳанги телефонҳои мобилӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим сухан гуфта шуд. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масоили марбут ба пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошиву роҳзании ноболиғону ҷавонон низ баррасӣ шуданд.
Иброз гардид, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро бигиранд.
Инчунин, гуфта шуд, ки имрӯз барои хурду бузург Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва мавҷудияти амнияти миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои олӣ мебошанд. Аз ҷумла, сокинони шаҳри Хоруғ ин арзишҳои олии зикргардидаро шарти асосии ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва расидан ба рушди устувори кишвар, инчунин ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ Ёрмамад Фақиров оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуданд.
Вохурӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

