Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар Ҷамоати деҳоти Понғоз бо иштироки сокинон ва фаъолони ҷамоат вохӯрии иттилоотӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими муҳоҷирати бехатар, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои қабулкунанда, тартиби сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва омодагӣ пеш аз муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён оид ба зарурати бастани шартномаи меҳнатӣ, омӯзиши забони кишвари қабулкунанда ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ маълумоти муфид гирифтанд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки касбомӯзӣ яке аз омилҳои асосии дарёфти ҷойи кори муносиб ва баланд бардоштани рақобатпазирии шаҳрвандон дар бозори меҳнат мебошад. Ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ба муҳоҷират касбу ҳунар омӯзанд ва аз хизматрасониҳои марказҳои касбомӯзӣ истифода баранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуда, ба онҳо оид ба муҳоҷирати бехатар ва роҳҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод гардиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

