Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар Ҷамоати деҳоти Хонобод бо фаъолону сокинони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, вохӯрӣ доир гардид.
Раиси ҷамоат ҳадафи баргузории мулоқотро ба иштирокдорон фаҳмонида, дар бораи нақши ваҳдату ягонагӣ дар таҳкими сулҳу субот ва пешрафти хоҷагии халқ баромади пурмуҳтаво намуд.
Дар рафти вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара М. Ахмедов талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, тағйиротҳо ба меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, инчунин оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, таасубу тақлид ба фарҳанги номақбули бегона, дурусту самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия баргашта, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, ҷалби муҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ба НБО “Роғун”, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуд.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

