Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла бахши Хадамоти муҳоҷират бо сокинони маҳаллаи Сомониёни шаҳри Конибодом, вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр бо мақсади омодагии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, ба ҳозирин оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Зимни вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бояд забон, қонунгузорӣ, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои кишвари қабулкунандаро хуб омӯзанд ва эҳтиром намоянд.
Ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ба омӯзиши касбу ҳунарҳои талаботдошта машғул гардида, сатҳи дониш ва малакаи касбии худро баланд бардоранд, зеро ин омил барои пайдо намудани ҷойи кори муносиб ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба риояи қатъии қонунгузории давлати будубош, эҳтиром ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, инчунин масъулияти шаҳрвандон ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон зарурати пеш аз сафар ба тартиб даровардани намуди зоҳирӣ, пӯшидани сару либоси муносиб ва риояи меъёрҳои ахлоқию фарҳангии ҷомеа таъкид гардида, ба иштирокчиён тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуданд.
Ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимои миёни ҷавонон, хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидои терроризм ва экстремизм, соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва ба Ватан баргашта, бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ дар хориҷи кишвар, пешгири аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила баромадҳо аз ҷониби кормандони шуъба ба ҳозирин ироъа гардид.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати будубош суханронӣ карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

