Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Г., сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Исфара Сабоҳиддинзода Ш., мудири бахши рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Эгамзод М., бо сокинон, фаъолон ва оилаи муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Исфара мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Зимни баромади худ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, оқибатҳои манфии тақлид ба фарҳанги бегона, риояи қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қонунҳои марбут ба танзими анъана, ҷашну маросим, таасубу тақлид ба фарҳанги номақбули бегона, дурусту самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия бозгашта, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Инчунин, сардори шуъба дар баромади худ вобаста ба ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, фаҳмонида додани моҳият ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи кӯдак”, оид ба муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, тарзи дурусти истифодабарии шабакаҳои интернетӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ сухан карданд.
Дар анҷом зикр гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо минбаъд низ аз тарафи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират идома ёфта, ба таҳкими робитаи давлат ва ҷомеа, пешгирии падидаҳои номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

