• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Истиқлоли давлатӣ – дастовардҳо, таҳаввулот ва дурнамом рушд

Migration Service by Migration Service
29.07.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Истиқлоли давлатӣ – дастовардҳо, таҳаввулот ва дурнамом рушд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат на танҳо мафҳуми сиёсӣ, балки арзиши олии миллӣ, рамзи озодӣ, худшиносӣ ва кафили рушди устувори давлат мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид, ки роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳамвор сохт. Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фурсати муносибест барои таҳлили дастовардҳо, арзёбии таҷрибаи давлатдорӣ ва муайян намудани дурнамои рушди минбаъдаи кишвар.

Дар давоми сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуда, имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва соҳибмақом дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати пайгиронаи давлат, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик мебошанд. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Маҳз сулҳу ваҳдат имконият фароҳам овард, ки ҷомеа неруи худро ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ равона созад.

Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Бо роҳбарии сиёсати хирадмандонаи давлат Тоҷикистон аз марҳилаи душвори таърихӣ гузашта, ба рушди устувор қадам гузошт.

Истиқлоли давлатӣ барои рушди иқтисоди миллӣ низ имкониятҳои васеъ фароҳам овард, ки дар ин давра садҳо иншооти муҳими истеҳсолӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ сохта шуданд. Амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Рушди инфрасохтор, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, пулҳо ва неругоҳҳои барқи обӣ Тоҷикистонро ба кишвари дорои имкониятҳои нави иқтисодӣ табдил додааст ва ин равандҳо барои баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ мусоидат менамоянд. Соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар даврони истиқлол ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиди пойгоҳи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии омӯзгорон аз муҳимтарин дастовардҳои ин соҳа мебошанд.

Қабули “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” ва амалисозии ислоҳоти соҳа барои мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи ҷомеаи муосир заминаи мусоид фароҳам овардааст, ки дар ин замина муносибати босалоҳият ба таълим, такмили барномаҳои таълимӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир аҳамияти махсус пайдо кардааст.

Таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба рушди забонҳои хориҷӣ низ аз талаботи ҷаҳонишавӣ бармеояд. Амалисозии Барномаи давлатии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ имконият медиҳад, ки ҷавонон ба фазои байналмилалии илм ва технология ворид гардида, дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир бошанд. Ҳамзамон ҳифз ва рушди забони давлатӣ ҳамчун рукни асосии худшиносии миллӣ ҳамеша дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дорад.

         Илм ва инноватсия имрӯз ба омили муҳими рушди давлат табдил ёфта, иштироки ҷавонони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, форумҳои илмӣ ва озмунҳои ихтироъкорӣ мусобиқаҳои варзишӣ нишон медиҳад, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии истеъдодҳои ҷавон натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.

Дар баробари ин, рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангии миллат низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Бунёди китобхонаҳо, осорхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, театрҳо ва марказҳои эҷодӣ ба рушди маънавии ҷомеа мусоидат намуда, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллиро тақвият мебахшад.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми вазорату идораҳо, муассисаву ташкилотҳо ва корхонаву иншооти шакли моликияту мансубияташон мухталифи шаҳру ноҳияҳои кишварамон корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд. Ҳар як сокини мамлакат саъю кӯшиш менамояд, ки дар ин корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, дар шукуфоии Ватани азизамон саҳми босазои хешро гузорад. 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ аст, ки марҳилаи нави рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ ва шукуфоии иқтисодиву иҷтимоиро ифода мекунад. Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвар ба дастовардҳои бузург дар соҳаҳои маориф, саноат ва инфрасохтор ноил гардид. Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон муқаддастарин неъмат ва оғози саҳифаи навин дар таърихи муосир мебошад. Соли 2026 мо 35-умин солгарди ин рӯйдоди сарнавиштсозро таҷлил менамоем, ки ин муддат рамзи устувории давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти бомароми кишвар аст.

Ҳадафҳои даврони истиқлоли миллати тоҷик дар оянда ин якчанд омилҳоро дорад, ки мо халқи тоҷик ҳамаи ҳадафҳои шаҳрвандии хешро ба анҷом расонем. Ҷашни 35-солагӣ бо ҳадафҳои баланд, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ, таҷлил мешавад. Ин давра барои ҳар як шаҳрванд фурсати ифтихор аз ватан ва талош барои ояндаи дурахшони он аст. Истиқлолият барои тоҷикон нишонаи ҳастии миллат ва кафили зиндагии озоду обод мебошад.

Дар давоми 35 соли Истиқлолият бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Олимзода Сироҷиддин., Сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post

Соли 2027 қоидаҳо дар бораи будубоши хориҷиён дар Россия тағйир меёбад

Next Post
Соли 2027 қоидаҳо дар бораи будубоши хориҷиён дар Россия тағйир меёбад

Соли 2027 қоидаҳо дар бораи будубоши хориҷиён дар Россия тағйир меёбад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.