Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар солҳои минбаъда, махсусан дар соли 2027 тартиб ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ё будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади танзими раванди муҳоҷират ва таъмини муҳоҷирати бехатар дар қаламрави Федератсияи Россия пурзӯр карда мешавад.
Дар ин замина, дар доираи Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷирати Федератсияи Россия, ки аз 15 октябри соли 2025, №738 тасдиқ гардидааст, Думаи давлатии Шӯрои федералии Федератсияи Россия як қатор қонунҳоро дар самти танзими раванди муҳоҷират баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар ин замина, Думаи давлатии Федератсияи Россия қонунҳои федералиро оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва оилаҳои онҳо дар қаламрави Федератсияи Россия ба тасвиб расонида, аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ талаб намудааст, ки раванди татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ пурра иҷро гарданд.
Дар ин замина мақомоти андоз ва фонди иҷтимоӣ вазифадор карда шудааст, ки мунтазам ва саривақт маълумот дар бораи даромади андоз ва шуғли шаҳрвандони хориҷӣ ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия пешниҳод карда шавад, ки ин раванд метавонад ба мавқеи ҳуқуқии шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия заминагузорӣ намояд.
Тибқи талаботи қонунгузории нав ва талаботҳои Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷиратии Федератсияи Россия баъзе сабукиҳо нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, ноболиғон, нафақахӯрон ва баъзе категорияҳои дигар сабукиҳо пешбинӣ шудааст.
Талаботҳои нав ва татбиқи амалии қонунгузориҳои Федератсияи Россия дар ин замина аз 1 январи соли 2027 ва талабот ба даромад ба сарҳади давлатии Федератсияи Россия аз 1 марти соли 2027 пурзӯр карда мешаванд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон Шумо метавонед бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР тамос гиред:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68;
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

