• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ба ваъдаҳои миёнаравону ба ном «ҳуқуқшиносон» бовар накунед.

Migration Service by Migration Service
29.07.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ба ваъдаҳои миёнаравону ба ном «ҳуқуқшиносон» бовар накунед.
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки дар соҳаи хидматрасонии муҳоҷиратӣ ҳолатҳои фиребу қаллобӣ зиёд гардидаанд.

Қаллобон, ки худро ҳамчун ҳуқуқшиносон ё кормандони сохторҳои муҳоҷиратӣ муаррифӣ менамоянд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо эълонҳои таблиғотӣ ҷойгир карда, ваъда медиҳанд, ки гӯё метавонанд манъи вуруд ба Федератсияи Россияро дар муҳлати кӯтоҳ ва бо кафолати пурра бекор намоянд ё мақоми муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷиро «танзим» кунанд.

Бинобарин аз шаҳрвандон эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳушёрии худро аз даст надода, ба чунин пешниҳодҳо дода нашаванд — ин амалҳо нишонаи ошкори қаллобӣ мебошанд.

Муҳим аст бидонед:

1. Қарор дар бораи манъи вуруд ба Федератсияи Россия ва бекор кардани он танҳо дар салоҳияти истисноии мақомоти ваколатдори давлатии Федератсияи Россия қарор дорад.

2. Ҳуқуқшиноси қонунӣ ҳеҷ гоҳ дар масъалаҳое, ки қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ қабул мегардад, кафолати саддарсадӣ намедиҳад.

3. Агар дар эълон ибораҳое чун “100% бартараф кардани манъи вуруд”, “дар 1 рӯз ҳал намудани ихроҷ”, “бо ВКД-и Россия мустақим кор мекунем” истифода шаванд — ин нишонаи қаллобӣ мебошад.

4. Шахсони миёнарав раванди хидматрасониҳои давлатиро суръат намебахшанд. Ҳар гуна даъвоҳо дар бораи “суръат бахшидан тавассути каналҳои дохилӣ” кӯшиши фиреб додани шаҳрвандон мебошад.

Чӣ гуна “ҳуқуқшиноси қалбакӣ”-ро шиносем?

1. Таблиғоти фишоровар ва таъсир ба эҳсосоти шаҳрвандон.

2. Талаби пешпардохт бидуни бастани шартнома.

3. Фаъолият танҳо тариқи онлайн, бе имкони мулоқоти шахсӣ ва боздиди дафтари корӣ.

Тавсия дода мешавад, ки мақоми ҳуқуқшинос пешакӣ дар Феҳристи ягонаи давлатии вакилони дифои Россия дар сомонаи Вазорати адлия санҷида шавад, пайванд: https://minjust.gov.ru/ru/pages/advokaty-rossijskoj-federacii/

Барои гирифтани маълумоти расмӣ ва хидматрасониҳои қонунӣ ба куҷо муроҷиат намудан лозим аст:

1. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия — барои маълумоти иттилоотӣ.

2. Шуъбаҳои минтақавии ВКД-и Россия — барои муроҷиати шахсӣ, машварат ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо.

3. Портали хидматрасониҳои давлатӣ (Госуслуги) — барои ирсоли дархостҳо дар доираи хидматрасониҳои давлатӣ.

Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо эълонҳо, каналҳо ё пешниҳодҳои шубҳанок, ки фаъолияти мақомоти давлатиро тақлид мекунанд ё «ҳалли фаврии масъалаҳои муҳоҷират»-ро ваъда медиҳанд, фавран хабар диҳед:
• ба хадамоти дастгирии платформа (мессенҷер ё сомона) барои бастани манбаъ;

• ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия — дар ҳолати мавҷуд будани нишонаҳои қаллобӣ (аз ҷумла, агар шумо аллакай маблағ пардохт намуда бошед).

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР тамос гиред:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.

2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;

8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.