• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатӣ – самараи ваҳдат, созандагӣ ва худшиносии миллӣ

Migration Service by Migration Service
31.07.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатӣ – самараи ваҳдат, созандагӣ ва худшиносии миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷрои нақшаҳои “365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ”, “300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан” ва Соли 2026 – “Соли вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, кор бо ҷавонон, варзиш, занон ва оила, КИ ҲХДТ, шуъбаи маориф, дар деҳаи Озаркадаи Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин ва Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ баргузор гардиданд.

Дар ҷараёни чорабиниҳо бо сокинон, фаъолони маҳалла, ҷавонон ва варзишгарон суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор шуда, оид ба дастовардҳои 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа, инчунин саҳми ҳар як шаҳрванд дар корҳои ободониву созандагӣ андешаронӣ карда шуд.

Ҳамзамон, масъулин ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ барои ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, риояи қонунгузорӣ ва истифодаи имкониятҳои қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки ҷавонони солиму соҳибмаърифат неруи асосии пешбарандаи ҷомеа буда, саҳми онҳо дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва рушди минбаъдаи кишвар муҳим мебошад.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, дар болои як қатор манзилҳои истиқоматии сокинон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон карда шуд, ки ин иқдом аз ҷониби сокинон бо руҳияи баланди ифтихори миллӣ истиқбол гардид.

Зикр гардид, ки дар баробари саҳми сокинон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ дар ободонӣ ва рушди деҳоту маҳаллаҳо нақши арзанда доранд. Бо дастгирии онҳо дар бисёр минтақаҳо роҳҳо мумфарш гардида, иншооти иҷтимоӣ сохта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои истиқлол, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа дар роҳи ободии Ватан аҳамияти муҳим дошта, минбаъд низ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тибқи нақша идома хоҳад ёфт.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ

Next Post

Тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”

Next Post
Тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”

Тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.