Вохӯрии навбатӣ, тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканд, деҳаи Гулистон бо иштироки сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Г, инчунин фаъолону сокинони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, доир гашт.
Дар рафти чорабинӣ Ахмедов М., оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии гурӯҳҳои ифротгаро ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони баргашта, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, мубориза бар зидди коррупсия, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.
Инчунин, оид ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, суханронӣ намуд.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

