Тибқи накша чорабинихои тасдиқгардида аз ҳисоби масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар “Фурудгохи байналмилалии Хуҷанд” ва “Истгоҳи роҳи оҳан” кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, ҳафтаи сипаригардида бо муҳоҷирони меҳнатие, ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Федератсияи Россия сафар менамуданд, корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандони муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуда, ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

