Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ноҳияи Қубодиён тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва ГПВ дар ҳамбастагӣ бо бахши Хадамоти муҳоҷират, Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Бахшҳои кор бо ҷавонон, варзиш, занон ва оила, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аксияи иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ намояндагони сохторҳои иштироккунанда бо аҳолӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо суҳбату машваратҳо баргузор намуда, оид ба муҳоҷирати бехатар, ҳифзи саломатӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи тарзи ҳаёти солим ва масъулияти шаҳрвандон маълумоти муфид пешниҳод карданд. Ҳамчунин ба иштирокчиён маводҳои иттилоотию тавсиявӣ дастрас карда шуданд.
Дар рафти чорабинӣ беш аз 200 нафар, аз ҷумла муҳоҷирони баргашта, аъзои оилаи онҳо ва дигар шаҳрвандон бо хоҳиши худ аз ташхиси ройгони ВНМО бо усули тести оҷилӣ гузаронида шуданд.
Зимни суҳбатҳо аз ҷониби намояндагон ба муҳоҷирони баргашта таъкид карда шуд, ки ҳифзи саломатӣ яке аз шартҳои асосии муҳоҷирати бехатар мебошад. Аз ин рӯ, ҳам пеш аз сафар ва ҳам пас аз бозгашт аз муҳоҷират гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва ташхиси бемориҳои сироятӣ ба манфиати худи шаҳрванд ва аҳли оилаи ӯ мебошад.
Имрӯз дар ноҳияи Қубодиён барои гузаштан аз ташхисҳои зарурии тиббӣ тамоми шароити лозима муҳайё буда, шаҳрвандон метавонанд бе мушкил аз муоинаҳои пешгирикунанда истифода намоянд.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин ба муҳоҷирон фаҳмонида шуд, ки мутобиқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз гирифтани патент аз ташхиси ҳатмии тиббӣ мегузаранд. Дар сурати ошкор гардидани баъзе бемориҳои сироятӣ ба онҳо патент барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дода намешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун нисбати чунин шаҳрвандон қарор оид ба ихроҷ намудан аз ҳудуди Федератсияи Россия қабул гардида, минбаъд воридшавиашон ба ин кишвар барои як умр манъ карда мешавад.
Аз ин рӯ, беҳтарин роҳи пешгирии чунин ҳолатҳо ғамхорӣ нисбат ба саломатии худ, ташкили оилаи солим, риояи тарзи ҳаёти солим, худдорӣ аз рафторҳои хавфнок ва сари вақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тиббӣ мебошад. Чунон ки мегӯянд: “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ”.
Шаҳрвандонро даъват менамоем, ки пеш аз сафар тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро омода намуда, ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва пас аз бозгашт низ ба саломатии худ ва наздиконашон бетафовут набошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

