• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Шукри истиқлоли Ватан

Migration Service by Migration Service
11.08.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Шукри истиқлоли Ватан
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони азизи мо сиву панҷ сол инҷониб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол ва комилҳуқуқ арзи ҳастӣ дорад. Мардуми ба ору ба номуси он таҳти сиёсати сулҳҷӯёнаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тайи ин солҳо ба туфайли муваффақиятҳои бузург дар ҷодаи рушду инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Дар замони имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳониро ҷангу ҷидолҳои бемаънӣ ва хатари ҳаракатҳои  созмонҳои террористиву гурӯҳҳои тундгаро таҳдид менамоянд, вазифаи муқаддаси ҳар фарди худогоҳу худшиноси тоҷик ин аст, ки барои миллати куҳанбунёди худ, насли солиму бомаърифат ва ватандӯсту ватанпарварро тарбия намояд, то ки дар оянда бо ҳама хислатҳову амалҳои наҷибаш давлату сарзамини хешро тавонад эмин нигаҳ дорад. Мо бояд  лаҳзае ватани азизамонро  аз ёд набарорем, ватандорию ватансозиро вазифаи муқаддас бидонем. Ояндаи накӯ ва пойдории ин давлату мардуми тамаддунсоз аз кирдор ва ҷаҳду талошҳои ҳар яки мо вобаста мебошад.

Тавре, ки Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат зикр кардаанд: “Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро дар хотир дошта бошем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем ”.

Боиси нигаронист, ки имрӯз иддае аз мардуми дур аз илму маърифат ва беирода барои ночизтарин молу сарват даст ба амалҳое мезананд, ки ба ҳастиву оромӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ зарар мерасонанд. Пеш аз ҳама шомил шудани ҷавонони аз дин ва сиёсат ноогоҳ, ба ҳизбу созмонҳои бегона ва ифротгаро, ки имрӯз ҷомеаи солими моро нигарон намудааст. Зеро ин қабил ҷавонон бар ивази он, ки илм омӯзанду ба манфиати давлату сарзамини азизи худ хизмат кунанд, баръакс ба манфиати шахсону давлатҳои алоҳида хизмат намуда, сулҳу ваҳдати на танҳо Тоҷикистони якпорчаро, балки ҷомеаи ҷаҳонро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд.

Мо, бояд эътироф кунем, ки имрӯз омӯзиши забонҳои хориҷӣ масъалаи ногузир буда, дар соҳаи маорифи кишвар самти афзалиятнок дорад. Дар ин робита Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чораҳои муҳим ва арзишмандро барои фароҳам овардани шароити мусоид ба таҳсил, омӯзиш ва азхуд кардани донишҳои нав ва муосир меандешад. Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои мубрами соҳаи мариф, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста дар суханрониҳои худ роҷеъ ба он дастуру супоришҳои мушахас пешниҳод менамоянд. Рушди маорифи миллиро муҳимтарин ҳадаф ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва нерӯи ояндаи миллат мешуморанд. Дар ҳақиқат, маориф ва ҳалли масъалаҳои ин соҳа аз  ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Бе шак, надоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳӣ яке аз сабабҳоест, ки имрӯз баъзе ҷавонон шомили ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуб  мегарданд. Шояд онҳо дар наврасӣ тарбияи хуб надидаанд, ки имрӯз ба ҳар сухани гумроҳкунандагон пайравӣ менамоянду худро ба вартаи ҳалокат меандозанд.

Мардуми бонангу бофарҳанги тоҷикро мебояд ба қадри ҳар зарра хок, ба қадри ҳар қатра об, ба қадри заҳматҳову талошҳои фарзандони ҷонфидои ин Ватан бирасанд ва нагузоранд, ки ҳар гуна нохалафу ноҷавонмард баҳри манфиати худ оромиву осудагӣ ва тинҷию амонии ин сарзамини биҳиштосоро халалдор созад.

Тавре, ки медонем,  9-уми сентябри соли равон мардуми шарифи тоҷик 35 солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирад. Тӯли сиву панҷ сол озодии иродаву соҳибихтиёрӣ ва асолати ин санаи сарнавишсозро мардуми тоҷик дарк намуда, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти миллию давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, таъмини рушди тадриҷии рушди иқтисодиёт, ҳадафҳои стратегияи созандагӣ, рушди бомароми ватани азизамон ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро аз муқаддастарин вазифаи хеш медонанд. Мо, ки худ шоҳиди бевоситаи ин санаи таърихӣ ҳастем, ин ҳамаро аз рӯи диди худ чунин баҳо медиҳем, ки кишвари мо дар давоми ин муддат тавонист ба пешрафтҳои зиёде муваффақ гардад. Андешаи истиқлолхоҳӣ солҳо дар ҳолати таҳаввулу такомули қавӣ қарор дошта, то ба сатҳи дарку эътирофи истиқлолияти воқеии кишвари азизамон расад ва омили муайянкунандаи рушди ҷомеаи озоду ободи имрӯзаи мо гардад. Раванду маъракаҳои сиёсиву фарҳангие, ки солҳои охир дар кишвари мо мегузаранд, пеш аз ҳама ба тарбияи маданӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандию ватанпарварӣ, тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон дахл дошта, баҳри бою ғанӣ гардидани моҳияту мӯҳтавои арзишҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ дар ҷомеаи мо мусоидат мекунанд.

Бинобар ин, мо бояд шукри истиқлол, озодӣ, ободиву оромиро намоем. Шукронаи онро кунем, ки вазъи сиёсии кишварамон осоиштаю босубот буда, рушди кишвари азизамон қадам ба қадам ба сӯйи камолот тадбиқ мешавад. Маҳз Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян менамояд ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ гардонидани онҳо роҳнамоӣ менамояд.

Ахмедов М,

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара

Previous Post

Вохӯрии судманд дар деҳаҳои Санҷидзор, Лоҳутӣ ва Сомониёни шаҳри Конибодом

Next Post

Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post
Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”- и шаҳри Хуҷанд

Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”- и шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.