Санаи 11 августи соли 2026 ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, хониши идоравӣ баргузор гардид.
Дар хониши идоравӣ муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Заробов Раҳмоналӣ ва Маҳмудов Давлатшо омӯзгори калони Факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ иштирок намуда, ба кормандон вобаста ба таърих ва дастовардҳои даврони истиқлолият суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, Маҳмудов Давлатшо дар баромади худ қайд кард, ки сию панҷ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи муҳим ва пурифтихори таърихи навини мамлакат мебошад. Ин давраи созанда рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва муайян намудани роҳи мустақили рушди давлат гардид. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, дар самтҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи меросу арзишҳои миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ қадамҳои муҳим гузошт.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини сардори Хадамоти муҳоҷират қайд намуданд, ки Истиқлолият неъмати бебаҳост ва мо ки ҳама зодагони даврони соҳибистиқлоли кишвар ҳастем, ин неъмати боарзишро бояд барои наслҳои имрӯза ва оянда ҳифз намоем ва дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
