Дар даҳсолаҳои охир дар раванди босуръати инкишофи техникаву технология фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ торафт авҷ гирифта истодааст. Мардуми бегуноҳи сайёра аз ин амалҳои номатлуб ҳамарӯза азият мекашанд.
Хушбахтона, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳ пойдор аст ва амнияти мардум ҳаматарафа таъмин карда мешавад. Аммо новобаста аз ин бояд мардуми кишвар зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Чун, таҳдиди ин рафтори нангин ба ҳамаи ҷомеа дида мешавад.
Мутаассифона, дар шароити ҷаҳонишавӣ назорати фаъолияти экстремистону террористон душвор гардида истодааст. Зеро ташаккули техникаву технология барои террористон шароитҳои қулайро фароҳам меоварад. Пеш аз ҳама онҳо бо маҳорати баланд ва ҷалби ҷавонону наврасон аз шабакаҳои Интернетӣ самаранок истифода мебаранд. Шабакаи ҷаҳонии Интернет барои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамчун як пойгоҳи қулай ва дастрас хизмат мекунад.
Бояд қайд намуд, ки дар айни замон яке аз таҳдидҳои замони муосир маҳз Интернет аст, ки истифодаи он маърифати баланди шахсро талаб мекунад. Дар Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки надонистани Қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Ин маънои онро дорад, ки мардум бояд ба хотири ҳаёти осоиштаи худ маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд. Дар мавриде, ки мардуми кишвар маърифати ҳуқуқии худро боло бардоранд, метавонанд худро аз ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни экстремистиву террористӣ эмин нигоҳ доранд.
Инчунин, Ҳукумати мамлакат баҳри мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб чораҳои зарурӣ меандешад. Маҳз ин чораҷӯиҳо имрӯз барои нигоҳ доштани амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар мусоидат менамояд.
Қайд кардан лозим аст, ки имрӯз мардум бояд барои амалисозии барномаҳои давлатӣ ва муқовимат бар зидди амалҳои экстремистиву террористӣ мусоидат намоянд. Зеро фаъолияти ҷомеа ин кори дастаҷамъона аст. Имрӯз ҳар як аъзои ҷомеа метавонад саҳми худро барои пешрафти кишвар гузорад. Ин амали ӯ пеш аз ҳама, аз худидоракунӣ, масъулиятшиносӣ, ҳисси ватандӯстӣ, боварӣ ба рушди давлат ва дигар хусусиятҳои хос вобаста аст.
Таҳдидҳои замони муосир ҷамеаи ҷаҳониро хушдор месозад, ки гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ дар тамоми сайёра доман паҳн карда истодааст. Амали террористӣ аз ифротгароии динӣ ё худ ҳурофотпарастӣ сарчашма мегирад. Маҳз барои ҳамин зиракии сиёсӣ метавонад пеши роҳи онро гирад. Ин гуна гурӯҳҳо аз мардуми содда ва бесаводи шароити пасти иқтисодидошта бештар истифода мебаранд. Ва онҳоро бо ваъдаҳои бардурӯғ ба доми худ мекашанд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пайваста ба ҷавонони кишвар дӯст доштани Ватан, мукаддасоти миллӣ ва арзишҳои инсониро талқин намуда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ тарбия намоем.
Шарипова Умеда,
Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

