Хадамоти муҳоҷират вохӯрӣ доир гардид
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷрои бандҳои нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб бо иштироки муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Маҳмадсалим Пир, муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қосимзода Маҳтоб Пир, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Насрулло Зокиров, раиси Ҷамоати деҳоти Зидеҳ Ислом Дилшодов ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим вохӯрӣ доир гардид, ки дар рафти он фаъолон, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафар ба хориҷи кишвар доранд, иштирок намуданд.
Нахуст, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб Олимзода Орифҷон Олим меҳмонро барои ташрифашон ба ноҳияи Варзоб хайрамақдам гуфта, сипас таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Инчунин, Орифҷон Олимзода ёдовар шуд, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар бояд дар рафтор, гуфтор ва намуди зоҳирии худ ба меъёрҳои ҷамъиятии кишвари қабулкунанда эҳтиром гузоранд. Сару либос бояд тозаву озода ва ба ҷойи кор мутобиқ бошад. Намуди зоҳирии хуб ба пайдо намудани ҷойи кор ва муносибати нек аз ҷониби корфармоён мусоидат менамояд. Инчунин, тавсия медиҳем, ки муҳоҷирон ба тартиб ва нигоҳубини ришу мӯй низ аҳамият диҳанд. Риши дароз ё намуди зоҳирии номураттаб метавонад дар баъзе ҳолатҳо боиси таваҷҷуҳи иловагии мақомоти санҷишӣ гардад. Аз ин рӯ, риояи тозагӣ, озодагӣ ва намуди зоҳирии муносиб ба манфиати худи муҳоҷир мебошад.
Баъдан, муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Маҳмадсалим Пир дар мавзуъи «Истиқлолият – волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллат дар зарфи 35-соли соҳибистиқлолӣ» ва доир ба самти «Муҳоҷирти бехатар» баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар сокинони мамлакатамон зери сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил менамоянд. Ёдовар мешавем, ки 9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун санаи сарнавиштсоз сабт гардид. Эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки бо такя ба иродаи халқ роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро интихоб намояд.
Илова бар ин, Маҳмадсалим Шарифзода қайд карданд, ки бо мақсади ба низом даровардани равандҳои муҳоҷират, татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуданд, ки ҳадафи он ба ташвиқу тарғиби қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои қабулкунанда, инчунин ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва омодагии пеш аз сафари онҳо иртибот доранд.
Дар идома, муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират таъкид доштанд, ки Хадамоти муҳоҷират пайваста шаҳрвандонро даъват менамояд, ки талаботи қонунгузории давлати қабулкунандаро риоя намуда, ҳуҷҷатҳои худро сари вақт омода созанд ва танҳо бо роҳҳои қонунӣ фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳанд. Риояи қонун, фарҳанги муошират ва намуди зоҳирии шоиста барои ҳифзи обрӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мусоидат менамояд.
Бо ҳамин тартиб доир ба масъалаҳои дигар баромад намуданд:
– муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо баромад намуда, зикр намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихӣ ва муҳимтарин заминаи ҳастии сиёсиву ҳуқуқии давлат ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик бошад, Истиқлолияти давлатӣ на танҳо оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, балки таҷассуми ормони деринаи соҳибдавлатӣ, худшиносии миллӣ ва ҳуқуқи муайян намудани сарнавишти хеш мебошад. Аз ин рӯ, арзиши истиқлолро наметавон танҳо ба як санаи таърихӣ маҳдуд кард. Истиқлол равандест, ки ҳифз, таҳким ва рушди он аз давлату ҷомеа масъулияти доимиро тақозо менамояд. Сиву панҷ сол пеш миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову Шумо ин руйдоди муборакро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем;
– раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қосимзода Маҳтоб Пир доир ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» баромад намуда, ёдовар шуданд, ки бо қабули ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25-уми июни соли 2026 дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» саҳифаи тозае дар таърихи дипломатияи сулҳ, фарҳанги муколама ва масъулияти байнинаслӣ кушода шуд. Ин ташаббус аз доираи як пешниҳоди маъмулии сиёсӣ фаротар рафта, дорои мазмуни амиқи инсоншиносӣ, давлатшиносӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва фалсафӣ мебошад. Зеро сухан дар бораи сулҳ меравад – неъмате, ки ҳастии инсон, бақои давлат, амнияти ҷомеа, рушди иқтисод, камолоти маънавӣ ва ояндаи наслҳоро ба ҳам мепайвандад;
– сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб Насрулло Зокиров роҷеъ ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандони бешуғл суханронӣ намуда, ибрози назар карданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойи кории доимию мавсимӣ ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандони бешуғл тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд андешида мешавад. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо марказҳои касбомӯзии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони бешуғлро ба омӯзиши ихтисосҳои «Забони русӣ», «Кафшергари барқӣ», «Сантехник», «Андовачӣ-рангуборчӣ», «Консервакунонӣ», «Дӯзанда», «Бофанда», «Муҳосиб», «Асосҳои омӯзиши компютер», «Ҳисобдор» ва ғайра фарор гирифта шуда буданд, ки пас аз хатми курсҳои кутоҳмуддат бо шаҳодатномаҳои тахассусӣ таъмин гардиданд.
Хотиррасон менамоем, ки дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ доир ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дастрас карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба як қатор кормандони касбу кори гуногуни ноҳияи Варзоб барои ҳамкориҳои пайваста бо Хадамоти муҳоҷират дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаву сипосномаҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
