Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии сиёсати давлатӣ, идомаи корҳои идеологӣ, тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо сокинони деҳаи Ҷамоати деҳоти Сурх вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода С., ва сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., иштирок иштирок доштанд.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., дар баромади худ оид ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, оқибатҳои манфии тақлид ба фарҳанги бегона, риояи қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қонунҳои марбут ба танзими анъана, ҷашну маросимҳо, таасубу тақлид ба фарҳанги номақбули бегона, дурусту самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони ба Ватан бозгашта, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист сухан карданд.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

