Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом чиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин дар мавриди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пос доштани фарҳангии миллӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона ва омӯзонидани онҳо бо ҳунарҳои мардумӣ, оид ба тағйироту илова ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани маълумот оид ба кортаъминкунии дар хориҷи кишвар, тағйироту илова ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузори дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тарзи супоридани имтиҳонҳо, гирифтани корти муҳоҷири ва қайди муҳоҷири истодан, гирифтани патент сӯҳбату вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Фарзона Толибова, Ҳоҷиев Фирӯз – муовин ҲХДТ, Ҷабборӣ Бурҳониддин – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Раиси шаҳр иштирок ва суханрони намуда, ба саволҳои сокинон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла муқовимат ба савдои одамон, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм диққати махсус дода шуд. Ба иштирокчиён оид ба оқибатҳои ҳуқуқии ҷалб шудан ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, роҳҳои пешгирии фиребу истисмори шаҳрвандон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин масъулияти ҳар як шаҳрванд дар мубориза бо зуҳуроти коррупсионӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Қайд карда шуд, ки терроризм ва экстремизм аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, мубориза бо онҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Дар ин замина ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки ҳушёрии сиёсӣ ва ҳуқуқии худро баланд бардошта, ба ҳар гуна гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил нагарданд, аз шабакаҳои иҷтимоӣ оқилона истифода баранд ва ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлат саҳм гузоранд.
Инчунин, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва риояи арзишҳои фарҳангии миллат миёни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
