Кормандони масъули МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати мусофирбарии “Сорбон-и шаҳри Хуҷанд, ки тавассути нақлиёти мусофирбарӣ ба самти шаҳри Тюмени Федератсияи Россия равонаанд, идома дода истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон, ки тавассути нақлиёти мусофирбарӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия равонаанд, оид ба вазъи имрӯза дар ин кишвар, қонунгузории нави он маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки бечунчаро қоидаҳои будубоши ин кишварро риоя намоянд.
Ҳамазамон, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуданд.
Инчунин, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Дар фарҷом ба суолҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони марказ ҷавобҳои мушаххас дод шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

