Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат ва давлат рамзи озодӣ, худшиносӣ ва рушди мустақилона мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли давлатии худро расман эълон намуд. Ин сана оғози марҳилаи нави таърихӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардид. Аз он вақт инҷониб, Тоҷикистон роҳи душвор, вале пуршарафи давлатсозиро тай намудааст. Заминаҳои таърихии истиқлолияти Тоҷикистон реша аз таърихи қадимаи давлатдории тоҷикон доранд.
Миллати тоҷик дар тӯли асрҳо барои ҳифзи ҳувият ва соҳибихтиёрии худ мубориза бурдааст. Мероси тамаддуни Сомониён ва дигар давлатҳои тоҷикӣ далели ин ҳастанд. Бозгашти истиқлол дар охири асри XX ҳамчун посух ба бедории миллӣ ва сиёсӣ ба амал омад. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ имкони воқеии соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро ба миён овард. Тоҷикистон низ аз ин фурсат истифода карда, соҳибистиқлолии худро эълон намуд. 9-уми сентябр ҳамчун рӯзи таърихӣ ва рамзи озодии миллӣ ба тақвими давлатӣ ворид гардид. Аз ҳамон рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд.
Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон пур аз буҳронҳои сиёсиву иҷтимоӣ буданд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба иқтисод ва сохтори давлатӣ зарбаи сахт расонд. Бо вуҷуди мушкилот, иродаи миллӣ ва ҷустуҷӯи сулҳ сабаби поён ёфтани низоъ шуданд. Соли 1997 Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раванди сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ оғоз ёфт. Вай дар барқарории ваҳдати миллӣ ва сохтмони ниҳодҳои муосири давлатӣ саҳми бузург гузошт. Дар ин давра ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ татбиқ гардиданд. Ҷомеа ба самти рушди устувор ва бозсозии иқтисодӣ ҳаракат кард. Қабули Конститутсияи нави кишвар дар соли 1994 қадами муҳими ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Конститутсия пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд ва демократиро гузошт. Дар он мақоми забони давлатӣ, рамзҳои миллӣ ва сохтори идоракунӣ муайян шудаанд. Ин санад истиқлолро мазмуну муҳтавои устувор бахшид.
Азму иродаи қавии халқи тоҷик барои расидан ба рукнҳои давлатдорӣ нақши муассир гузошт. Насли хештаншиносу худогоҳ дар аввали солҳои соҳибистиклолӣ бо садоқату саодати хеш, барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ қадамҳои устувор гузоштанд, ки наврасону ҷавононро мебояд, аз ин сабақ бардоранд, пайравӣ кунанд. Бояд қайд намуд, ки такя ба насли худогоҳи миллат метавонад, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои онро аз равандҳои хатарафзои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дошта, давлати соҳибистиклол ва навбунёди мо, тоҷиконро дар ҷаҳон пойдор бимонад.
Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тай намудаи худ, баҳри таҳким бахшидани пояҳои Истиклоли давлатӣ кӯшидаанд,ки симои ҳар як фарди сарзаминро ҷиҳати аз бар намудани донишҳои марбут ба худшиносии миллӣ мунаввар созанд,ки худшиносии миллӣ сарчашмаи тамоми хушбахтиҳои мост. Метавон гуфт, ки истеъдоди нодири сиёсатмадор Пешвои муаззами миллат омили асосии болобарандаи нуфузи миллӣ гашт.
Танҳо ва танҳо ҳисси миллатдӯстӣ ва хештаншиносӣ ватандори асил ва абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт ки, барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, нангу номуси миллӣ ва аз нав ба ҳам овардани мардуми парокандаи ин сарзамин ба майдони мубориза ворид гардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷони хеш ва аз умри чавони худ, барои миллат гузашт кард. Ва оқибат некномӣ, некпиндорӣ ва армонҳои миллӣ ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати тоҷикон унвон дод.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии кишвар баҳри камолоти маънавии миллат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудааст, ки рушти бесобиқаи соҳаи маориф далели воқеист. Аз ин рӯ ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда фароҳам истифода бурда, ҷиҳати рушди илму маърифат ва тараққиёти технологияи муосир кӯшиш намояд.
Имрӯз мо насли ҷавон-созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистон то чӣ андоза худшинос гардидаем, зеро асоси ташаккули давлатдории навини мо маҳз дар заминаи худшиносии миллӣ сохта шудааст. Мо дар арзи ҳастӣ дорем, ки ҳаёти сиёсии ҷаҳон ноустувор ва равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ҷараён дорад. Бояд ҳамқадами замон, эҳёгар ва посдори арзишҳои миллӣ бошем.
Раҳматуллозода Фароғат,
Сармутахассиси бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

