Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон, 25 августи соли 2026 бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, Раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар Маҳмадшо ва Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанберо мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Бояд тазаккур дод, ки Муссисаҳои давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014, №390таъсис ёфта ба номгӯи ташкилотҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Тавре Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо иброз намуд, иншооти мазкур муассисаи машваратӣ буда, фаъолияташро дар самти ташкилу расонидани машварат, омодасозӣ ва мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ мемонад.
Ҳадафи асосии Марказ– ин расонидани ёрии амалӣ тавассути курсҳои машваратю таълимӣ ба муҳоҷирони ватанӣ дар ду марҳилаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Пеш аз сафар:ташкили бақайдгирӣ, омӯзонидани забон, таърих, ойин, фарҳанг ва қонунгузории давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони мҳнатӣ. Баъди бозгашт: тавассути бақайдгирии муҳоҷирони бозгашта, ташхиси хориҷи кишвар пайдо намудаанд, ҳамкорӣ бомактабҳои таълимии касбӣ ва техникии ҷумҳурӣ барои омӯзиши касбии онҳо ва таъмини маълумот оид ба ҷойҳои корӣ.
Мавриди зикри хос аст, ки Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 дар баробари баррасии дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим таъкид намуданд, ки “Бо дарназардошти равандҳои муосир ҷиҳати ҳалли масъалаи гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои дар ин самт мавҷуда тадбирҳои судманд андешида шаванд ”.
Ин таъкиди Пешвои муаззами миллат сармашқи кори ҳар яки мо буда, дар ин самт дар доираи имконоти ҷойдошта тамоми чораҳои судманд роҳандозӣ карда мешаванд. Зеро яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва баъди баргаштани онҳо ба Ватан таъмин кардан бо ҷойи корӣ мебошад, ки феълан омили хеле таъсирбахш ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд кард, ки таъсиси системаи электронии бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, ташкили гузаронидани курсҳои ройгони кӯтоҳмуддати машваратию таълимӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, гузаронидани машварату семинарҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, ташкил намудани курсҳои омӯзишии ройгони забонҳои хориҷӣ (аз ҷумла, забони русӣ, барои шаҳрвандоне сертификати забони русӣ мегиранд), интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Корея, Давлати Қатар ва кишварҳои Аврупо.
Инчунин, маҳзани ягонаи бақайдгирии шаҳрвандоне, ки нияти муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, кумак барои интихоби коргар, кумак барои ҷамоварии ҳуҷатҳои лозимӣ, гузаронидани озмунҳо барои интихоби мутахассисон (мувофиқи талаботи корфармо).
Ҳамзамон, дар бинои марказ ҷиҳати фарогирии шаҳрвандони бекор ва шахсони беихтисос ба омӯзиши касбӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати 1-моҳа ва 2-моҳа аз ҷониби Филиали Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда мешаванд. Дар доираи ин курсҳо шаҳрвандон аз рӯи ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла рестобар, пешхизмат, дӯзандагӣ, пазандагӣ, ороишгарӣ, асосҳои компютер ва дигар касбҳои ба бозори меҳнат ҳам дар дохили кишвар ва берун аз он ҷавобгӯ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Дар марказ намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Хати оҷил фаъолият намуда, ҳамарӯза ба шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо машварат ва маълумоти зарурӣ пешниҳод менамоянд: маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, хизматрасонии ҳуқуқии ройгон, дастгирии ҳуқуқии шаҳрвандон, машваратҳои ҳуқуқии ҳаррӯза, кӯмаки ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ Маркази машваратҳои ҳуқуқӣ, – афзуд Нодирзода И.
Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони марказ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом дода, ба шаҳрвандон пеш аз сафар оид ба қоидаҳои муҳоҷират, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва талаботи кишварҳои қабулкунанда, машварат ва тавзеҳоти зарурӣ пешниҳод менамоянд.
Инчунин, онҳо оид ба имкониятҳои шуғл ва вазъи бозори меҳнат маълумоти муфассал медиҳанд. Дар баробари ин, вобаста ба қонунҳои нави Федератсияи Россия, истифодаи барномаҳои мобилӣ, аз ҷумла “Амина” ва дигар навовариҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ шарҳу тавзеҳ дода мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

