Ҳар як миллат барои расидан ба ормонҳои миллии худ, пеш аз ҳама, бояд соҳибистиқлол бошад. Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ, балки заминаи асосии бунёди давлатдории мустақил, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пойдории фарҳангу забон маҳсуб меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз садсолаҳои истибдод ва зери зулми дигарон қарор доштан, 9-уми сентябри соли 1991 расман Истиқлоли давлатӣ худро эълон кард. Ин сана барои халқи мо муқаддас аст, зеро оғозгари саҳифаи наве дар сарнавишти миллати тоҷик гардид.
Бо дастёбии ба истиқлолият мардуми Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ва муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи худ гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо карда, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ мебошад.
Мо набояд фаромӯш кунем, ки роҳи расидан ба истиқлолият ва мустаҳкам кардани пояҳои он осон набуд. Дар солҳои аввали истиқлолият, Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гашт, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар таъсири манфӣ расонид. Вале бо иродаи устувори мардум ва роҳбарияти сиёсии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барқарор гардид, ки ин худ пирӯзии дуюми истиқлолият аст.
Истиқлоли давлатӣ барои мо мардуми Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоии сокинони Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба вуҷӯд омада, ҷашну маросим ва фарҳанги асили миллати тоҷик дубора эҳё гашт. Ҷашни Наврӯз, мусиқии шашмақому фалак, чакан, ёдгории таърихии Саразми бостон ба руйхати мероси умумибашарии ҷаҳонии Созмони Юнескои Созмони Милали Муттаҳид ворид гашт. Ин ҳама дастовардҳое мебошанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва ҳамзамон дар замони пуртуфони асри ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои иттилоотӣ насиби халқи Тоҷикистон гардид. Ҳоло вақти шукргузорӣ аз Истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ аст, то ҳамагон барои дифоъ аз ин ҳама шукуфоӣ ва пешрафт саҳми худро гузорем, то Ватани ободу озоди мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамешаву абад орому осуда бимонад ва сокинонаш бо шодиву лабханд зиндагӣ намоянд.
Раҳимова Нигинамо,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Данғара

