9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро эълон кард. Пас аз ҳазорсолаҳо интизорӣ, миллати тоҷик бори дигар тақдири хешро ба дасти худ гирифт. 35 сол дар таърих лаҳзае кӯтоҳ аст, вале ин 35 сол барои мо мактаби бузурги сабру матонат ва созандагӣ шуд.
Истиқлолият ин танҳо сарҳади ҷуғрофӣ нест. Истиқлолият ин озодии фикр, озодии сухан ва озодии интихоб аст. Ба шарофати он забони давлатии тоҷикӣ эҳё гардид. Мактабу донишгоҳ, илму адаб бо забони модарӣ рушд карданд. Имрӯз мо метавонем таъриху фарҳанги аҷдодони худ – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Синоро бидуни миёнарав омӯзем ва ба ҷаҳон муаррифӣ кунем.
Роҳи 35-сола осон набуд. Миллати мо озмоиши ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд ва фаҳмид, ки аз ҳама қиматбаҳотарин неъмат сулҳу ваҳдат аст. Баъди таъмини сулҳ корҳои бунёдкорӣ оғоз шуданд. Нерӯгоҳҳои “Сангтӯда”, “Сарбанд” ва “Роғун” Тоҷикистонро ба сӯи истиқлоли энергетикӣ бурд. Нақбҳои “Истиқлол”, “Анзоб” кӯҳҳои ҷудокунандаро рахна карда, вилоятҳоро ба ҳам пайваст намуданд. Имрӯз Тоҷикистон дар роҳҳои байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кардааст.
Истиқлолият барои ман, ин ифтихор ва масъулият аст. Ифтихор аз он ки ман дар кишвари озод ба дунё омадам. Масъулият аз он ки ояндаи ин кишвар ба меҳнат ва дониши ман вобаста аст. Ҳар як дарси хондашуда, ҳар як кори содиқона қадамест ба сӯи ободии Тоҷикистон.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Истиқлолиятро ба даст овардан осон, вале ҳифз намудан душвор аст”. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳамаи мо қадрдонӣ ва ҳимояи ин гавҳари бебаҳо мебошад.
Баротов Илҳом,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор

