Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва он шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, пурзӯр намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ бо он муҳоҷирони меҳнатие, ки айни замон аз кишвари Россия ба Ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба он нафароне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карда шуд, ки аз 1 сентябри соли 2026, барномаи мобилии “Амина” ба тамоми категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки вурудашон ба Федератсияи Россия бе виза амалӣ мегардад, роҳандозӣ карда мешавад. Хотиррасон менамоем, ки барномаи мобилии “АМИНА” дар ҳудуди Москва ва вилояти он фаъолият дошта, пештар аз ин танҳо барои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шуда буд.
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2026, барномаи мобилии бақайдгирии “Амина” ягона роҳи бақайдгирӣ дар Маскав ва вилояти он гардида, категорияҳои зерини шаҳрвандон низ тавассути барномаи мазкур ҷойи зисти худро ба қайд мегиранд: Барои шаҳрвандони хориҷии аз 18-сола боло: Донишҷӯён (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсил ва тадқиқоти илмӣ машғул мебошанд). Иттилоъ медиҳем, ки шаҳрвандони ноболиғ тибқи тартиби муқаррашуда, барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ ба шуъба ё раёсати ВКД Россия вобаста ба ҷойи зисти худ муроҷиат менамоянд.
Дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон шаҳрвандон метавонанд ба мутахассисони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

