Кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандоне, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ равонаанд, вохӯрии навбатӣ баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ пеш аз ҳама, доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани шаҳрвандони ба Ватан бозгашта дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маслиҳатҳои муфид доданд.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ хотирасон карда шуданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 тибқи тағйироти қонунгузории Федератсияи Россия, шаҳрвандони хориҷие, ки ба муҳлати зиёда аз 90 рӯз ба Россия ворид мешаванд, бояд дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Муоинаи тиббӣ барои муайян намудани мавҷудияти бемориҳои сироятии барои ҷомеа хавфнок, сирояти ВНМО ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Россия гузаронида мешавад. Натиҷаи муоина дар шакли хулосаи тиббӣ, аз ҷумла электронӣ, ба низоми ягонаи иттилоотии Вазорати тандурустии Россия ворид карда мешавад. Дар сурати ошкор гардидани бемориҳои хавфнок ё истеъмоли моддаҳои мамнуъ, муассисаи тиббӣ дар муҳлати 24 соат мақомоти дахлдори Россияро огоҳ менамояд.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россияро риоя намуда, муоинаи тиббиро дар муҳлати муқарраргардида гузаранд.
Барои саркашӣ ё рад намудани муоинаи тиббӣ чораҳои зерин пешбинӣ шудаанд: ихтисори муҳлати будубош дар Федератсияи Россия; ҷарима ба маблағи 25–50 ҳазор рубл бо эҳтимоли ихроҷи маъмурӣ; дар сурати сари вақт напардохтани ҷарима — ҷарима ба андозаи дукарата ва ихроҷи ҳатмӣ.
Ҳамзамон, барои тайёр намудан ва ба муомилот баровардани маълумотномаҳои қалбакӣ оид ба набудани бемориҳои хавфнок ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки танҳо аз муассисаҳои тиббии расмӣ истифода бурда, аз хизматрасониҳои ғайриқонунӣ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худдорӣ намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
