• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

35 соли Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат барои ҳар як миллат

Migration Service by Migration Service
02.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
35 соли Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат барои ҳар як миллат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат барои ҳар як миллат аст. Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзии мо як санаи муҳими таърихиро ҷашн мегиранд — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҷашни муқаддас на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он, дар гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

Истиқлолият ба тоҷикони ҷаҳон имкон дод, ки ҳувияти миллии худро ҳифз кунанд ва фарҳанги куҳанбунёди худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Имрӯзҳо сафоратхонаҳо, консулгарӣ ва ҷамоаҳои тоҷикони муқими хориҷа (диаспораҳо) ба як маркази бузурги тарғиби фарҳанг, таърих ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мубаддал гаштаанд.

Дар тӯли 35 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳи пурифтихор, вале дар айни замон пурмасъулияти давлатсозиро паси сар намуд. Дар ин давра, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфта, сулҳу субот барқарор гардид ва барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа, кишвар ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун ноил гардида, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшид.

Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бисёр ҳассос ва пурмушкил ба ҳисоб мерафтанд. Кишвар баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо як қатор мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, ки ба рушди устувори давлат таъсири ҷиддӣ расониданд. Бӯҳрони сиёсӣ, коҳиш ёфтани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ ва норасоии шароити зиндагӣ ҷомеаро ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ сохтанд. Ҳамзамон, ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти осоиштаи мардум халал ворид намуда, ба иқтисоди миллӣ ва суботи ҷомеа зарари калон расонд.

Бо вуҷуди чунин вазъияти душвор, халқи тоҷик тавонист бо иродаи қавӣ, сабру таҳаммул ва ҳисси баланди ватандӯстӣ роҳи сулҳу ваҳдатро интихоб намояд. Мардуми кишвар хуб дарк карданд, ки танҳо тавассути муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон давлатро аз буҳрон раҳо бахшид ва барои ояндаи беҳтар замина гузошт. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдор имкон доданд, ки Тоҷикистон тадриҷан ба марҳилаи нави рушд ворид гардад.

Ба даст омадани сулҳу субот яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Сулҳ барои барқарор гардидани ҳаёти осоишта, рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Маҳз бо шарофати сулҳу оромӣ имрӯз Тоҷикистон дар роҳи бунёдкорӣ, пешрафт ва таҳкими давлатдорӣ қадамҳои устувор мегузорад.     

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳким ва рушди давлатдории миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Давлат пояҳои асосии сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии худро мустаҳкам намуда, барои ташаккули ҷомеаи муосир заминаи устувор фароҳам овард. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии ин давра қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамчун санади асосии ҳуқуқии давлат пояҳои давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои идоракунии давлатро муайян намуд. Қабули Конститутсия барои ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ ва таҳкими волоияти қонун аҳамияти бузург дошт.

Дар баробари ин, дар кишвар сохторҳои асосии давлатӣ ташаккул ёфта, фаъолияти онҳо тадриҷан такмил дода шуд. Мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар асоси талаботи давлати демократӣ фаъолият намуда, барои таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳм гузоштанд. Ислоҳоти давлатӣ ва такмили низоми идоракунӣ имкон доданд, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ самараноктар гардида, робитаи давлат бо ҷомеа боз ҳам мустаҳкам шавад.

 Ҳамзамон, Тоҷикистон дар самти таҳкими соҳибихтиёрӣ ва муаррифии худ ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ низ муваффақ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилалӣ шинохта мешавад.  

Сангзода Рустам,

Сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират     

Previous Post

Идомаи вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Истиқлолро бояд истиқбол намуд

Next Post
Истиқлолро бояд истиқбол намуд

Истиқлолро бояд истиқбол намуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.