• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Истиқлоли давлатӣ – заминаи таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон

Migration Service by Migration Service
04.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Истиқлоли давлатӣ – заминаи таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

3 сентябри соли 2026 дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Хадамоти муҳоҷират Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истиқлоли давлатӣ – заминаи таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон”  баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода, Давлатшо Маҳмудов омӯзгори калони факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ва кормандони Хадамоти муҳоҷират ва масъулини воситаҳои ахбори омма иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози чорабинӣ иштирокдорони он аз бинои Маркази машваратии Хадамоти муҳоҷират, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шудааст, боздид намуданд.

Дар қисмати расмии чорабинӣ Маликшо Неъматзода – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад намуда, иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузурги таърихӣ буда, маҳз ба шарофати он имконият фароҳам омад, ки кишвар роҳи мустақили рушду пешрафтро интихоб намуда, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Қайд карда шуд, ки дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ амалӣ гардида, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар ва заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида шуданд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ ҳамчун арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ заминаи асосии пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ба қадри Истиқлол, сулҳу ваҳдат расида, барои ободии Ватан ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми арзандаи худро гузорад, – афзуд Неъматзода М.

Сипас, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Каримзода Насим меҳмонон ва кормандонро ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд намуданд, ки воқеан, Истиқилолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва тоҷикистониён овард.

Иброз гардид, ки дар тӯли 35 – соли ташаккули давлати миллии тоҷикон, бунёди миллати соҳибихтиёр ва давлати ягонаи демократӣ, ки бар пояҳои ҳуқуқ устувор буда, ҳадафи он бунёди ҷомеаи муттаҳид аст, ҷавонон саҳмгузор ва ташаббускор буда, дар ин раванд ба сиёсати ободкоронаи давлат пайравӣ менамоянд.

Дар ин замина, наслҳои ҷавон ҳамчун ниҳоли навраси давлатдории тоҷикон боис ба ифтихори миллат мегарданд. Дар мавриди мавқеи ҷуғрофӣ ва фарҳангии кишвар бошад, бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ифтихормандест, ки бо сарварии оқилу доно дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир аст.

Инчунин, дар назди ҳозирин Давлатшо Маҳмудов – омӯзгори калони факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баромад намуда қайд карданд, ки сию панҷ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи муҳим ва пурифтихори таърихи навини мамлакат мебошад. Ин давраи созанда рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва муайян намудани роҳи мустақили рушди давлат гардид. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, дар самтҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи меросу арзишҳои миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ қадамҳои муҳим гузошт.

Сипас, дар идомаи ҳамоиш дар майдончаи варзишӣ Хадамоти муҳоҷират чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он даствовардҳои ҳунарҳои мардумиро дастпарварони Филиали МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”, ки дар бинои МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ҷойгир аст, ба марази тамошобинон гузоштанд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин марказ касбҳои дузандагӣ, заргарӣ, компютерӣ, устои телефонҳои мобилӣ, барқчӣ, кафшергаӣ барқӣ, таъмири автомобил, яхдонҳо ва ғайра, омӯзонда мешавад.

Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, иштирокчиён таъкид намуданд, ки 35 соли Истиқлол — 35 соли созандагӣ, ваҳдат, пешрафт ва бунёдкорӣ буда, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Дар фарҷоми ҳамоиш, чанд нафар аз фаъолон барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо медали ҷашнии “30-солагии ҲХДТ” ва Сипосномаи ҲХДТ, инчунин бо Ифтихорномаи Хадамоти муҳоҷират қадрдонӣ гардиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

​

Previous Post

Истиқлолро бояд истиқбол намуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.