35 сол пеш дар харитаи сиёсии ҷаҳон саҳифаи нави давлатдории миллии мо оғоз ёфт ва орзуи чандинсолаи ниёгони мо ҷомаи амал пӯшид. Истиқлолият барои мардуми тоҷик танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест – ин набзи ҳаёт, кафили озодӣ, эҳёи фарҳангу суннатҳои куҳан ва уфуқи дурахшони фарзандони мост.
Дар ин даврони таърихӣ, кишвари маҳбуби мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз озмоишҳои сахти таърих сарбаландона гузашта, ба сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор ноил гардид. Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо, имрӯз рӯзгори ҳар як оилаи тоҷикистонӣ рангу бӯи дигар гирифта, бо амнияту осоиштагӣ ва созандагӣ зинат ёфтааст.
Имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо дар ҳавои идона нафас мекашад. Садои суруду таронаҳои ҷашнӣ ва парафшонии азизтарини рамзи давлатдорӣ – Парчами миллӣ аз уфуқҳои нави зафару пешрафт мужда медиҳад. 35 соли соҳибихтиёрӣ исбот кард, ки иродаи созандаи мардуми мо шикастанопазир аст. Мо тавонистем таҳти сиёсати хирадмандони Пешвои миллат кишваре бисозем, ки имрӯз ҳар як сокини он бо сарбаландӣ худро тоҷикистонӣ меномад.
Истиқлолият барои миллату ватани азизи мо – Тоҷикистон, дастовардҳои бузурге овард. Имрӯзҳо мо худ шоҳиди он ҳастем, ки Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои созандагӣ, бунёдкорӣ, гулгулшукуфоӣ ва пешрафти иқтисоди кишвар чӣ қадар ҷидду ҷаҳд менамояд. Ҳатто баҳри пойдор нигоҳ доштани сулҳ, ваҳдат ва якдилию якдигарфаҳмӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳодҳои судманд намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ шиносонид ва мақоми онро баланд бардошт. Ин корнамоӣ ва қаҳрамониҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
Албатта, бо шарофати ин неъматҳои бузург муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ барафрохта, Суруди миллии мо дар ҳавои софу беғубори Ватани азизамон танинандоз аст. Вақте муҳаббат ба Ватан дар қалби як миллат меафзояд, ин маънии салтанати сулҳ дар он кишварро дорад. Хушбахтии миллати мост, ки Худованд ин марди одил – Пешвои ииллатро барои тоҷикон ато фармудааст ва ин марди бузург бо ҳимояву пуштибониҳо аз мавқеи мардум ва зиндагии шоистаи онҳо ин мақомро ёфтааст. Возеҳу равшан гуфтан мумкин аст, ки «…барои ҳимояи давлат неруи бузурги ҳарбӣ шарт нест. Дар ин масир неруи бузург он аст, ки агар халқи ваҳдатдӯст ба давлати худ муҳаббат дошта бошад ва дар ҳимояи он талош кунад».
Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муттаҳидӣ бо халқи сарҷамъгаштааш сулҳу субот ва амнияти ҷомеаро таъмин карда, барои рушди ҳамаи соҳаҳои стратегии кишвар фазои созгорро муҳайё сохт. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудият ва таҳкими давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар амал татбиқ намудани ормонҳои миллӣ, қабули қарорҳои сиёсии ҳаётан муҳим ва ниҳоятан дар дасти худ гирифтани тақдири ояндаи давлату миллат аз таҳкими истиқлолияти сиёсию давлатӣ ва такмили пояҳои он вобаста аст.
Ифтихор аз он дорем, ки дар кишвари азизамон сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо аст. Мамлакат дар ҷодаи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ устуворона қадам мегузорад ва ниҳоят ба эҳёи давлатдории миллӣ мушарраф гардидем. Имрӯз симои шаҳру деҳоти кишвар дигаргун гашта, ба рӯзгори мардум таровату ҳусни тоза зам намудааст. Миёни халқ як меҳру муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтиром ҷой дорад, ки ин боиси ифтихору шарафмандист. Нақши сулҳу ваҳдатро дар ҳамаи соҳаҳои мухталифи ҷомеа баръало эҳсос менамоем. Сулҳ ва истиқлолияти тоҷиконро, ки бо хиради азалии мардуми сарбаланди тоҷик ва ҷоннисориҳои ҳазорон тоҷикон ба даст омадааст, ҳамеша бояд ҳифз намоем.
Бигзор Истиқлолияти Тоҷикистони маҳбуб то абад пойдору бегазанд бимонад ва рӯзгори мардуми шарифи он ҳамеша бобаракату босаодат бошад!
Аҳадзода Алишер,
Муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

