• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

35-солагии истиқлолият барои Тоҷикистон марҳилаи муҳими таърихӣ мебошад

Migration Service by Migration Service
08.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
35-солагии истиқлолият барои Тоҷикистон марҳилаи муҳими таърихӣ мебошад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши бузург ва муқаддас ба ҳисоб меравад, зеро он рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқи комил барои муайян намудани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид, ки он пур аз тағйироти ҷиддӣ ва таҳаввулоти амиқ мебошад.

 Дар тӯли 35 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳи пурифтихор, вале дар айни замон пурмасъулияти давлатсозиро паси сар намуд. Дар ин давра, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфта, сулҳу субот барқарор гардид ва барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа, кишвар ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун ноил гардида, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшид.

 Солҳои аввали истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бисёр ҳассос ва пурмушкил ба ҳисоб мерафтанд. Кишвар баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо як қатор мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, ки ба рушди устувори давлат таъсири ҷиддӣ расониданд. Бӯҳрони сиёсӣ, коҳиш ёфтани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ ва норасоии шароити зиндагӣ ҷомеаро ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ сохтанд.  Ҳамзамон, ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти осоиштаи мардум халал ворид намуда, ба иқтисоди миллӣ ва суботи ҷомеа зарари калон расонд.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳким ва рушди давлатдории миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Давлат пояҳои асосии сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии худро мустаҳкам намуда, барои ташаккули ҷомеаи муосир заминаи устувор фароҳам овард. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии ин давра қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамчун санади асосии ҳуқуқии давлат пояҳои давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои идоракунии давлатро муайян намуд. Қабули Конститутсия барои ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ ва таҳкими волоияти қонун аҳамияти бузург дошт.

Дар баробари ин, дар кишвар сохторҳои асосии давлатӣ ташаккул ёфта, фаъолияти онҳо тадриҷан такмил дода шуд. Мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар асоси талаботи давлати демократӣ фаъолият намуда, барои таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳм гузоштанд. Ислоҳоти давлатӣ ва такмили низоми идоракунӣ имкон доданд, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ самараноктар гардида, робитаи давлат бо ҷомеа боз ҳам мустаҳкам шавад.

Ҳамзамон, Тоҷикистон дар самти таҳкими соҳибихтиёрӣ ва муаррифии худ ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ низ муваффақ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилалӣ шинохта мешавад.  

Ҳамаи ин иқдомҳо боиси боло рафтани сатҳи худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа гардиданд, ки имрӯз яке аз пояҳои асосии суботи давлат ба ҳисоб мераванд. 35 соли истиқлолият роҳи пурифтихор ва сарнавиштсози давлат ва миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин давра собит намуд, ки халқи тоҷик бо иродаи қавӣ, хирадмандӣ ва ваҳдати миллӣ тавонист душвортарин марҳилаҳои таърихиро, аз ҷумла буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин паёмадҳои ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, барои бунёди давлати мустақил ва ҷомеаи осоишта заминаи устувор гузорад.

Ин ҷашн на танҳо рамзи озодӣ ва мустақилият, балки нишонаи пешрафт ва умед ба ояндаи дурахшон аст. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо — истиқлолият мебошад.

Бобоназарзода Санавбар,

Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Истиқлолияти Тоҷикистони маҳбуб то абад пойдору бегазанд бимонад

Next Post

Вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.