Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир буда, ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҳар як давлат монеа эҷод мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин падидаи номатлуб эмин нест. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия аз рӯзҳои аввали истиқлол то имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Роҳбарияти кишвар хуб дарк мекунад, ки бе бартараф кардани коррупсия сохтани давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи одилона ғайриимкон аст. Барои ин то имрӯз як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, Стратегияи миллӣ мубориза бо коррупсия барои солҳои 2021-2030. Ҳадаф аз ин ҳама — бунёди механизми боздоранда ва пешгирикунанда мебошад.
Коррупсия ба ҳама соҳаҳо таъсири манфӣ мерасонад:
Иқтисод: Маблағҳои буҷа, ки бояд ба мактаб, беморхона ва роҳ сарф шаванд, ғайри мақсад истифода мешаванд. Ин боиси суст шудани рушд мегардад.
Иҷтимоӣ: Вақте ҷавон мебинад, ки бе “таъсир” ба кор ва ё ба донишгоҳ дохил шудан мушкил аст, ба давлат ва адолат боварашро гум мекунад.
Маънавиёт: Коррупсия арзишҳои миллиро, аз қабили ҳалолӣ, поквиҷдонӣ ва меҳнатдӯстиро зери хатар мегузорад. Тавре Пешвои миллат таъкид кардаанд: “Коррупсия душмани рушд ва пешрафти ҳар як ҷомеа аст”.
Имрӯз дар кишвар 3 самти асосӣ амалӣ карда мешавад: Аввал. Пешгирӣ – ин муҳимтарин самт аст. Барои пешгирӣ давлат корҳои зеринро анҷом медиҳад: Ҷорӣ кардани хизматрасонии электронӣ ва “равзанаи ягона”. Ҳоло бисёр ҳуҷатҳоро бе тамос бо корманд гирифтан мумкин аст. Баланд бардоштани маоши хизматчиёни давлатӣ ва масъулиятшиносии онҳо.Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ.
Дуюм. Муборизаи ошкоркунанда Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъолияти худро пурзӯр кардаанд. Ҳар сол садҳо парвандаи коррупсионӣ ошкор ва ба додгоҳ ирсол мегардад.
Сеюм. Ҷалби ҷомеа – бе иштироки мардум ғалаба кардан ғайриимкон аст. Барои ҳамин телефонҳои боварӣ, сомонаҳои шикоят ва гурӯҳҳои назорати ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар мавриди талаб кардани ришва хабар диҳад.
Ояндаи Тоҷикистон азони ҷавонон аст. Агар ҷавони имрӯза ба “роҳи осон” — ришва одат кунад, фардо роҳбари коррупсионер мешавад. Аз ин рӯ вазифаи оила ва мактаб он аст, ки ба фарзанд бифаҳмонад: “Нони ҳалол ширин аст, ҳарчанд сахт ба даст ояд”.
Мубориза бо коррупсия кори як рӯз ва ё як мақомот нест. Ин вазифаи умумимиллӣ аст. Танҳо вақте ҳар як шаҳрванд — аз омӯзгор то соҳибкор, аз духтур то афсари милитсия — “НЕ” ба ришва бигӯяд, мо метавонем Тоҷикистони обод, пешрафта ва одилона бунёд кунем. Танҳо миллати поквиҷдон ва давлати шаффоф метавонад дар ҷаҳони рақобат пойдор бимонад. Ва ин ояндаро мо — мардуми Тоҷикистон бояд бунёд кунем.
Валиев М,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ

