Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар Ҷамоати деҳоти Фирӯзоба чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор карда шуд.
Зимни мулоқот, пеш аз ҳама, доир ба хизматҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ободонии шаҳру деҳоти мамлакат маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Таъкид карда шуд, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат дар кишвар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор гардида, барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамзамон, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва татбиқи ташаббусҳои созанда фаъолона иштирок намоянд. Таъкид гардид, ки ободии маҳал аз масъулиятшиносӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолонаи ҳар як сокин вобастагии калон дорад.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ баррасӣ гардиданд. Ба падару модарон ва фаъолони ҷомеа тавсия дода шуд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон, рафтори онҳо ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Яке аз масъалаҳои муҳими мулоқотро мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ташкил дод. Таъкид гардид, ки коррупсия яке аз омилҳои ҷиддии халалдоркунандаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, пасткунандаи эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ва монеаи таъмини адолати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, зарурати риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, пешгирии суиистифода аз мансаб, гирифтани пора, истифодаи нодурусти ваколатҳои хизматӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ таъкид карда шуд.
Ҳамчунин, ба сокинон фаҳмонида шуд, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки иштироки фаъолонаи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба ин падидаи номатлубро талаб менамояд. Шаҳрвандон бояд дар сурати дучор шудан ба ҳолатҳои коррупсионӣ аз роҳҳои қонунии муроҷиат ва хабаррасонӣ истифода намуда, ба паҳншавии чунин зуҳурот мусоидат накунанд.
Дар баробари ин, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, инчунин ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатии қонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда, тартиби будубош ва фаъолияти меҳнатиро омӯзанд ва аз хизматрасониҳои миёнаравони шубҳанок худдорӣ намоянд.
Дар ҷараёни суҳбат, инчунин масъалаи мусоидат ба шуғли шаҳрвандони баргашта аз муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзиши касбӣ ва забономӯзӣ, инчунин истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои ташкили ҷойҳои нави корӣ таъкид гардид.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид карда шуд, ки ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, риояи қонун, муқовимат ба коррупсия, пешгирии экстремизм ва терроризм, тарбияи дурусти насли наврас ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ вазифаи умумии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Сокинони деҳаи Ҳисорак омодагии худро ҷиҳати иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳалли зист баён намуда, таъкид карданд, ки дар татбиқи ташаббусҳои созанда ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

