Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки кормандони шуъба вохӯрии иттилоотию маърифатӣ бо занону бонувони ба омӯзиши касбу ҳунар машғулбуда баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иттилоотии занон, шинос намудани онҳо бо имкониятҳои мавҷудаи касбомӯзӣ ва шуғл, тарғиби фаъолияти меҳнатии қонунӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо дар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор карда шуд.
Дар оғози вохӯрӣ зикр гардид, ки имрӯз соҳиб шудан ба касбу ҳунар ва такмили доимии дониш ва малакаҳо яке аз омилҳои муҳими таъмини зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад. Касбомӯзӣ ба занон имконият медиҳад, ки қобилияту истеъдоди худро рушд дода, дар бозори меҳнат мавқеи муносиб пайдо намоянд ва дар баробари ин, барои пешбурди фаъолияти мустақилонаи меҳнатӣ замина фароҳам созанд. Аз ҷумла, масъалаҳои омодагӣ ба сафар, зарурати доштани ҳуҷҷатҳои дуруст, риояи талаботи қонунгузорӣ, шиносоӣ бо шартҳои меҳнат ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ҳангоми дар хориҷи кишвар қарор доштан шарҳ дода шуданд.
Таъкид гардид, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ҳар як шаҳрванд бояд маълумоти заруриро аз манбаъҳои расмӣ дастрас намуда, аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои худ ба шахсони ношинос худдорӣ намояд. Инчунин, истифодаи роҳҳои қонунии муҳоҷират ва муносибати масъулона ба масъалаҳои шуғл метавонад барои пешгирии мушкилот ва ҳолатҳои нохуш мусоидат намояд.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин, масъалаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва огоҳона мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ба занони касбомӯз фаҳмонида шуд, ки доштани касб ва малакаи муайяни меҳнатӣ ҳангоми ҷустуҷӯи ҷойи кор дар дохил ва хориҷи кишвар бартарии муҳим дошта, барои мутобиқ шудан ба муҳити нави меҳнатӣ мусоидат мекунад.
Иштирокчиён ҳамчунин оид ба зарурати эҳтироми қонун, риояи ҳуқуқи дигарон ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ маълумот гирифтанд. Зикр гардид, ки ҳар як зан бояд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро донад ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ аз мақомоти дахлдор ва манбаъҳои боэътимод истифода намояд.
Дар бахши дигари вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии одатҳои зараровар ва ҳифзи саломатии занон баррасӣ гардиданд. Иштирокчиён ба нигоҳубини саломатӣ, истифодаи дурусти вақти холӣ, омӯзиши пайваста ва ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ ҳидоят карда шуданд.
Ҳамзамон, доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ суҳбат гузаронида шуд. Таъкид гардид, ки эҳтироми якдигар, таҳаммулпазирӣ, муносибати масъулона ва ҳалли масъалаҳои оилавӣ тавассути муколама аз омилҳои муҳими ташаккули муҳити солими оилавӣ мебошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

