Сардори шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Бобиев С., дар конфронси байналмилалии “Budapest Process” оид ба роҳҳои қонунии муҳоҷират, ки рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2026 дар шаҳри Исломоди Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре дар суҳбат Бобиев С., иброз дошт, дар чорабинии мазкур Чаудри Салик Ҳусайн – Вазири федералии Покистон оид ба корҳои покистониёни бурунмарзӣ ва рушди захираҳои инсонӣ, намояндаи Покистон ҳамчун кишвари мизбон ва ҳамраиси гурўҳи кории мавзуӣ оид ба роҳҳои қонунии муҳоҷират, Сюзан Рааб – директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират, намояндаи ICMPD дар вазифаи котиботи Budapest Process, Уго Чар Чарлатани – Сафири Ҷумҳурии Италия, намояндаи Италия ҳамчун ҳамраисии гурӯҳи кории мавзуи оид ба роҳҳои қонунии муҳоҷират, Ясемин Шоҳин – масъули муносибатҳои дуҷониба ва нуқтаи тамоси кишварӣ дар департаменти муносибатҳои хориҷии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндаи Туркия ҳамчун раиси муколамаи Budapest Process, Сафири Маҷористон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, намояндаи Маҷористон ҳамчун ҳамраиси Budapest Process, Филипп Оливер Гросс – муовини роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Покистон ва Мария Раус – Роҳбари Котиботи Budapest иштирок доштанд.
Дар кори конфронс доир ба роҳҳои қонунии муҳоҷират, самтҳои идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва таҳкими ҳамкории байни мақомоти давлатӣ, корфармоён, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ буда мубодилаи афкор сурат гирифта, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2003 инҷониб узви Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) мебошад. Аз соли 2004 сар карда, ҳамкорӣ байни мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ICMPD дар доираи муколамаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират, аз ҷумла равандҳои Будапешт ва Прага, инчунин тавассути татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва дуҷониба ва баргузории чорабиниҳои муштарак, семинарҳо, конфронсҳо ва дигар ташаббусҳо дар соҳаи идоракунии муҳоҷират сурат гирифт.
Бо мақсади тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ ва такмили механизмҳои идоракунии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи августи соли 2020 лоиҳаи “Маркази захиравӣ барои муҳоҷирон дар Тоҷикистон” дар доираи лоиҳаи минтақавии ICMPD таҳти унвони “Тақвияти идоракунии муҳоҷират дар кишварҳои Роҳи абрешим” оғоз гардид.
Рӯзи 25 сентябри соли 2020, дар доираи ин лоиҳа, байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ICMPD Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки таъсис ва рушди Маркази захиравӣ барои муҳоҷиронро дар шаҳри Душанбе пешбинӣ менамояд.
Таъсиси Маркази захиравӣ барои муҳоҷирон қадами муҳимме дар самти рушди низоми иттилоотӣ ва дастгирии машваратӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ гардид. Фаъолияти ин марказ дастрасӣ ба хизматрасониҳои зарурӣ ва дастгирии машваратиро беҳтар сохта, сатҳи огоҳии ҷомеаро дар бораи имкониятҳо ва хавфҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ баланд бардошт ва барои шуғли бехатару масъулиятнок дар хориҷи кишвар шароит фароҳам овард.
Илова бар ин, Марказ ба шаҳрвандон оид ба омодагӣ пеш аз сафар ба хориҷа, риояи қонунгузории кишварҳои таъинот, коҳиш додани хатарҳои марбут ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истисмор, инчунин мусоидат ба бозгашт ва реинтегратсияи муҳоҷирон машварат медиҳад.
Ҳамин тариқ, Марказ ба як ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, ки ба таъмини бехатарӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани самаранокии муҳоҷирати меҳнатӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Дар оянда, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон диверсификатсияи минбаъдаи муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин рушди самтҳои нав ва бозорҳои ояндадори меҳнатро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ мекунад.
Таваҷҷуҳи хоса ба мутобиқсозии минбаъдаи фаъолияти Маркази муҳоҷирати меҳнатӣ бо ниёзҳои тағйирёбандаи шаҳрвандоне, ки нияти муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, равона карда мешавад. Дар ин замина, тақвияти омӯзиши касбӣ, густариши дастрасӣ ба иттилооти муосиру боэътимод, рушди хизматрасониҳои машваратии рақамӣ ва пайваста такмил додани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим аст. Амалисозии ин тадбирҳо ба ташкили низоми бехатартар, муташаккилтар ва аз лиҳози иҷтимоӣ нигаронидашудаи муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуда, барои шаҳрвандон ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад.
Дар фарҷоми конфронс боздид аз муассисаҳои давлатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ, инчунин мубодилаи таҷриба бо намояндагони мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Исломии Покистон сурат гирифта, вобаста ба масъалаҳои таъмини шароити муносиби меҳнат, риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳоҷирон, имкон фароҳам овардан бо равишҳои муосири танзими равандҳои муҳоҷират, мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо шиносоӣ доир гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
