Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода дар бозори марказии шаҳр мулоқоти судманд бо сокинон, аз ҷумла шаҳрвандон – муҳоҷирони ба Ватан бозгашта, баргузор намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷӣ зарур аст, ки шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи асли онро дар худ нигоҳ доранд, чун ҳангоми мушкилот дар самти пардохти музди меҳнат ва ҳифзи кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати танзимкунанда ва тасдиқкунандаи юридикӣ шартномаи меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинон, оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирии онҳо аз гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ифротгароии диннӣ, пешгирӣ аз истифодаи маводҳои мухаддиру маводҳои мамнуъшуда маълумот дода шуд.
Зикр гардид, ки дар замони муосир истифодаи воситаҳои муосиртарини дастрасӣ ба иттилоот барои ташаккули андешаи фикрии инсоният мусоидат намуда, мутаассифона истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои мамнуъ муҳоҷирони меҳнатиро ба доми фиреб оварда, онҳоро мувоҷеҳи мушкилоти зиёд мегардонад. Вобаста ба ин ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки аз истифодаи сомонаҳои мамнуъ худдорӣ намуда, фарҳанги дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро риоя намоянд.
Илова бар ин, ба таваҷҷуҳи ҳозирин оид ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд. Инчунин, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ Хадамоти муҳоҷират дастрас гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

