Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб ва хавфноки ҷомеа дар қатори дигар таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба амнияти миллӣ ва суботи иқтисодию иҷтимоии ҳар як давлат халали ҷиддӣ ворид месозад. Ин зуҳурот асосҳои демократиро заиф карда, волоияти қонунро поймол месозад ва боварии шаҳрвандонро нисбат ба адолати иҷтимоӣ ва сохторҳои давлатӣ коҳиш медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ барҳақ таъкид менамоянд: “Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, ҳамчун ҷинояти вазнин, яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халолдоркунандаи рушди суботи иқтисодию иҷтимоии давлат мегардад. Биёед кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем”. Ин даъвати олии сиёсӣ собит месозад, ки муқовимат ба ин вабои аср танҳо вазифаи як мақомот ё сохтори алоҳида нест, балки кори дастаҷамъонаи тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати худ қарор дод. Маҳз бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқию ташкилии пешгирии ин ҷиноятро муайян намуд.
Айни замон дар кишвар Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои марҳилаи дуюми он (барои солҳои 2026-2030) мавриди амал қарор доранд. Ҳадафи асосии ин стратегияҳо тақвияти шаффофият, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.
Муқовимат ба коррупсия вазифаи умумии давлат ва ҷомеа буда, аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баланди ватандӯстиро талаб мекунад. Рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар, устувории соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва некуаҳволии насли ҷавон мустақиман ба он вобаста аст, ки мо то чӣ андоза дар ин мубориза якдил ва устувор ҳастем. Танҳо бо роҳи ҳамкории зичи муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳаи маориф, ҳамаи дигар соҳаҳо ва ҳар як фарди ватандӯст мо метавонем пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро гирифта, ояндаи дурахшон ва шаффофи кишвари азизамонро таъмин созем. Зеро муқовимат ба коррупсия – нишони масъулиятшиносӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як сокини Тоҷикистон аст.
Абдумалик Шоназарзода,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон

