Коррупсия дар шароити ҳозира монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии давлат ва афзоиши самаранокии ниҳодҳои бозаргонӣ мебошад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида оқибатҳои нохӯшро бабор меоварад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида баҳри амалӣ намудани он чораҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст.
Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвар фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳои ба зимаашгузошташуда тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самаранокӯ истифодаи маблағҳои буҷетӣ, ошкорсозӣ, пешгирӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда дар ин давраи фаъолият ба натиҷаҳои назарас ноил гардидааст. Проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро, он пеш аз ҳама ба пешрафти иқтисодиёт, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва низоми сулҳу суббот халали ҷиддӣ ворид сохта боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад.
Ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки 31 октябри соли 2003 “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” қабул карда шуд, ки дар он номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. То имрӯз, зиёда аз 140 давлати дунё ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25 – сентябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.
Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар амалияи кишвари мо масъалаи мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб сараввал бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25-уми июли соли 2005, №100 мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта буд. Баъдан бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20-уми марти соли 2008, №374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7-уми августи соли 2020, №1714 фазои зиддикоррупсионии кишвар ва заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он мустаҳкам карда шуд.
Дар ин росто пай дар пай қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ ба монанди “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” аз 26-уми январи соли 2008, №34; “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз 30-юми августи соли 2013, №1504 ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз 3-юми августи соли 2021, №222 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.
Ҳамин тариқ таъкид карданием, ки ҳамагон бояд баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат баста, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назанем. Саҳми мо новобаста аз мавқеи ишғолнамудаамон барои пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб нисбати коррупсия хело ҳам калон аст. Зеро дар ҳаёти ҳамарӯзаамон мушоҳида мекунем ва мебинем, ки касоне, ки дучори ин мушкилот шудаанд, ҳам ба иқтисодиёти худ ва ҳам ба иқтисодиёти оила зарари калон ворид кардаанд. Албатта, дар ҳамин ҷо зарур мешуморам, ки 49 фисади аҳолии мамлакатамонро занҳо ташкил менамоянд ва дар ин замина бояд гуфт, ки дар баробари мардон бонувон низ ҳиссаи худро аз тарбияи насли наврас то ба пешгириву решаканнамоии коррупсия метавонанд саҳмгузор бошанд. Пас, мебояд, ки қаноатро пеша карда, баҳри зиндагии шоиста камари ҳиммат бандем ва барои таъмини оила аз меҳнати ҳалол истифода кунем. Зеро ки дар меҳнати ҳалол оромиши хотир ва осудагист.
Табарова Шоира,
Мутахассисси шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экалогӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

