Пайдоиш ва паҳншавии таҳдидҳои терроризму экстремизм дар ҳамаи шаклҳои пайдоишашон равона гардидаанд барои нобудсозии ҳуқуқҳои одамон, асосҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои озодии шаҳрвандон, таҳдиди аз байн бурдани сарҳад ва амнияти давлатӣ, барканории ҳокимияти қонунии давлатӣ ва ғайра. Вобаста ба ин гуна шаклҳои зуҳуроти терроризму экстремизм ҷомеаи ҷаҳониро зарур мебошад, ки бар зидди ингуна амалҳо муттаҳид гардида, усулҳои муосири муобризарои таҳия ва татбиқ намоянд. Дар ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар яке аз суханронии худ қайд намуда буданд: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли онҳо гувоҳ аст, ки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст”.
Ҷиҳати таҳрезии усулҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм 8-уми сентябри соли 2026 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид консенсуми Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористиро қабул намуд. Мақсадҳои асосии стратегияи мазкур аз инҳо иборат мебошад: барҳамдодани имкониятҳои паҳншавии терроризм; таҳияи усулҳо мубориза бар зиди амалиётҳои террористӣ; таҳкимбахшии иқтидори иқтисодию ҳарбии давлатҳо дар заминаи мубориза бар зидди терроризм; таъмин ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии қабул гардида, усулҳои мубориза ба зидди террорим ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд, ки иқтисодӣ ва сиёсию-ҳарбӣ мебошанд.
Ба усулҳои иқтисодии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм инҳо мебошанд: муайян намудани сарчашмаҳои молиявии гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ ва аз байн бурдани ин гуна сарчашмаҳо; барҳам додани интиқол ва гирдгардишии пулҳои ғайриқонунӣ дар низомҳои бонкӣ, молиявӣ ва минтақаҳои офшорӣ; танзим намудани ҳамагуна интиқоли пулҳо ба хориҷӣ кишвар ва воридоти онҳо аз хориҷӣ кишвар; таҳлил ва муайян намудани ширкатҳои тиҷоратии гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ба мақсади нобудсозии ингуна ширкатҳои тиҷоратӣ; идентификатсияи ҳатми зимни тасдиқ ва гирифтани кортҳо бонкӣ аз тарафи аҳолӣ.
Мутахассисони соҳаи қайд менамояд, ки мубориза бар зидди нобудсозии гурӯҳҳо ё созмонҳои террористӣ аз ду стратегия сарчашма мегиранд, ки стратегияи прогрессивӣ ва консервативӣ муаррифӣ мегарданд.
Стратегияи прогрессивӣ маънои онро дорад, ки амалҳои террористон маҳкум гардида, аъзо ва саркардаҳои гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ пурра аз байн бурда мешаванд, яъне онҳо бояд нобуд карда шаванд. Ҳамчунин, стратегияи мазкур пешниҳод менамояд, ки ба шахсони мусоидаткунанда, ки маълумоти мушаххас доир ба нақша ва макони террористон ба мақомотҳо хабар медиҳанд, ҳамкории зичро ба роҳ монда низоми ҳавасмандии шахсони мусоидаткунандаро тарҳрезӣ намоянд. Дар стратегияи мазкур, ҳама гуна гуфтушунидҳо бо террористон иҷозат дода намешавад.
Стратегияи консервативӣ бошад, гуфтушунид бо террористон ва дигар шаклҳои мулоқот бо онҳоро иҷозат медиҳад, ки дар натиҷа онҳо таслим шуда, силоҳ ва таҷҳизоти ҷангии худро ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд.
Ҳамин тавр, моро зарур мебошад, ки бо истифода аз усулҳои муосир сиёсати ҳукумати кишварро дар самти мубориза бар зидии терроризм ва экстремизм мубориза бурда, манфиатҳои миллиро ҳамеша ҳимоя намоем.
Гулмаҳмадзода Шамшод,
Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

