Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои иттилоотиро бо шаҳрвандони ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандоне, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ равонаанд, баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ хотирасон карда шуд, ки аз 1 сентябри соли 2026 тибқи тағйироти қонунгузории Федератсияи Россия, шаҳрвандони хориҷие, ки ба муҳлати зиёда аз 90 рӯз ба кишвари Россия ворид мешаванд, бояд дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи воридшавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Муоинаи тиббӣ барои муайян намудани мавҷудияти бемориҳои сироятии барои ҷомеа хавфнок, сирояти ВНМО ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Федератсияи Россия гузаронида мешавад. Натиҷаи муоина дар шакли хулосаи тиббӣ, аз ҷумла электронӣ, ба низоми ягонаи иттилоотии Вазорати тандурустии кишвари Россия ворид карда мешавад. Дар сурати ошкор гардидани бемориҳои хавфнок ё истеъмоли моддаҳои мамнуъ, муассисаи тиббӣ дар муҳлати 24 соат мақомоти дахлдори Россияро огоҳ менамояд.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россияро риоя намуда, муоинаи тиббиро дар муҳлати муқарраргардида гузаранд. Барои саркашӣ ё рад намудани муоинаи тиббӣ чораҳои зерин пешбинӣ шудаанд: ихтисори муҳлати будубош дар Федератсияи Россия; ҷарима ба маблағи 25–50 ҳазор рубл бо эҳтимоли ихроҷи маъмурӣ; дар сурати сари вақт напардохтани ҷарима — ҷарима ба андозаи дукарата ва ихроҷи ҳатмӣ.
Ҳамзамон, барои тайёр намудан ва ба муомилот баровардани маълумотномаҳои қалбакӣ оид ба набудани бемориҳои хавфнок ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки танҳо аз муассисаҳои тиббии расмӣ истифода бурда, аз хизматрасониҳои ғайриқонунӣ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худдорӣ намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

