• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нақши зан дар ҷомеаи муосир

Migration Service by Migration Service
29.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши зан дар ҷомеаи муосир
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: “Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд.

Хушбахтона, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа буд. Ҷиҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт. Ин барои баланд бардоштани ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон асос гардид.

Дар “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” аз 30 апрели соли 2021, №167, самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба фаъолгардонии нақши занон муайян гардида, он ба татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои амалисозии он аз ҷониби занон, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбати занон равона шудааст.

Стратегия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки нақши занон дар ҷомеа ҳамчун тарбиятгари насли наврас тақозо менамояд, ки ҷавононро аз диди психологӣ ба ташкил намудани оила тайёр намоем. Дида баромадани муносибатҳои оилавии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар байни омма низ андешае мавҷуд аст, ки худи ҳаёт ва оила мактаби асосии оиладорӣ аст. Маълум аст, ки таъсири оила дар инкишофи шахсияти ҷавон, бешубҳа, муассир мебошад, вале наметавон ҳама масъалаҳои оиладориро дар мактаби зиндагӣ омўхт. Барои ҳамин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.

Дар осори бузургони ҷаҳон низ нақши зан – модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хосса дорад. Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накутарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад. Бешубҳа, такя дар паҳлуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист.

Зани тоҷик бо иффату зебоӣ, виқору ор, фурӯтаниву маърифатнокӣ зиндагии аҳли ҷомеаро таровату покизагӣ мебахшад. Ин аст, ки аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳамияти хосса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қимттарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд, то ҷаҳонро равшан гардонад.

Мухамедҷонова Парвина,

Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва ба нақшагирӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Баргузории чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо иштироки шаҳрвандон

Next Post
Баргузории чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо иштироки шаҳрвандон

Баргузории чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо иштироки шаҳрвандон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.