Дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳиро дар Маркази сершуғли муҳоҷират баргузор намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади шарҳу тавзеҳи талаботи қонунгузории амалкунанда, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мусоидат ба фаъолияти қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар баргузор гардида, зимни он ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷират маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки риояи ҳатмии талаботи қонунгузории кишварҳои қабулкунанда, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ба масъалаҳои касбомӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба шуғли дохили кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар ин замина, ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки дар назди МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷират курси омӯзиши забони русӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Шаҳрвандони хоҳишманд метавонанд аз ин имконият истифода намуда, бо мақсади такмили донишу малакаи забонии худ дар курсҳои мазкур иштирок намоянд. Таъкид гардид, ки донистани забони русӣ барои шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба хориҷи кишвар ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, аз аҳамияти муҳим бархӯрдор мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои марбут ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, оид ба тартиби омодагӣ пеш аз сафар, риояи қонунгузории кишварҳои қабулкунанда ва истифодаи имкониятҳои фароҳамгардида маълумоти иловагӣ ба даст оварданд. Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар раванди муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони кишвар аҳамияти муҳим дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
