Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон воқеан беандоза аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии ин абармарди хирад ва родмарди сулҳи тоҷикон, Тоҷикистони азиз аз парокандашавӣ эмин ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллиро арзёбӣ намуда, гуфта буданд: “Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бе муболиға яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири саддаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад. Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархӯрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша бар суботу оромии кишвар равона гардида буд”.
Бе шак, агар хиради миллӣ боло намегирифт ва ба истиқрори сулҳ намерасидем, ҳоло дигар на аз давлат ва на аз кишваре бо номи Тоҷикистон ному нишоне буд. Зеро, таҷриба нишон додааст, ки низоъу даргирӣ кори саҳл аст, вале расидан ба истиқрори сулҳ кори оддӣ нахоҳад буд. Чунин вазъро метавон дар ҳамсоякишвари Афғонистон мушоҳида намуд, ки дар дарозои чаҳор даҳа то ҳанӯз оташи ҷангу хунрезӣ дар ин кишвар хомӯш намешавад. Раванди барқарорсозии сулҳ ва оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои халқи азиз имкон фароҳам овард, ки ба зудӣ оташи низоъ хомӯш гардад ва сулҳу салоҳ дар кишвар ҳукмфармоӣ намояд. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи миллати тоҷик бо мафҳуми расидан ба ваҳдат ва истиқрори Сулҳ гиреҳ мехӯрад. Чун дар он ҷое, ки сулҳу суботи иҷтимоӣ набошад, имкони пешрафт амалан вуҷуд дошта наметавонад. Дар он кишвар садои тир, даҳшат, куштор, фоҷеа ва нобудӣ хоҳад буд, ки онро ҳамарӯза тариқа васоити ахбори умуми ҷаҳонӣ дар кишварҳои ҷангзада шоҳид мегардем. Вале расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ низ кори осон ва саҳлу соддае нест, ки бе кушиш ва часпу талошу ҷоннисорӣ ва аз худ гузаштан ба даст ояд.
Набояд фаромуш созем, ки он рӯзҳои сахту нангини солҳои 90-уми асри гузашта бо сар задани ҷанги хонумонсӯз қариб ба парокандашавии миллати тоҷик оварда мерасонид. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз тарсу ваҳм ва наҷоти ҳаёти худ ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Он солҳо Тоҷикистон ҳамчун кишвари ноором дар сархати воситаҳои ахбори омма қарор гирифта буд. Дар он шабу рӯзҳои ноором наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Барои ба эътидол овардани вазъияти ноороми кишвар, раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки ба мардуми шарифи Тоқикистон сулҳ меорад ва то гурезаи охиринро ба Ватан барнагардонад, худро ором намешуморад. Албатта, мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардонавор дар гирдоби ин бесарусомониҳои печида ба қавлашон бо сари баланд вафо намуданд. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Президенти навинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, дар он давраи ноором якчанд маротиба ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, аз мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал оварданд, ки ба ватани аҷдодиашон баргарданд. Ҳамзамон, бо нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ва мухолифин якчанд гуфтушунидҳо анҷом дода, ниҳоят санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин воқеаи муҳими таърихӣ садсолаҳо дар қалби тоҷикон боқӣ хоҳад монд.
Албатта, бо ин ҳама Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонеъ нагардида, баҳри пешравии Тоҷикистон ва некуаҳволии мардуми шарифи он пайваста талош меварзанд. Имрӯз Тоҷикистон – ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ бо қадамҳои устувор ба пеш меравад.
Дар ҳақиқат, барои тавсифи фазилатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон саҳифа ҳам кофӣ нест. Мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби бузургест, ки ҳар лаҳзаи онро бояд омӯхт ва барои наслҳои оянда ҳамчун мактаби сиёсат, ватандӯстӣ, вафодорӣ ва созандагӣ ба мерос гузошт.
Ятимова Муқадамбону,
Мутахассиси шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри
Душанбе

