Забони давлатӣ яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол буда, рушду ташаккули пайвастаи он муҳимтарин рамзи Истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ , пояи истиқлолҳои кишварамонро зина ба зина вусъат медиҳад.
Дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста – оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муошироти байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид. Заминаҳои ин пешрафти муҳим пеш аз ҳама бо татбиқи пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ муҳайё гардид.
Забони тоҷикӣ тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 таҳти рақами №150 “Дар бораи забон” муайян кардааст, ки ҳамасола то соли 2009- ум таҷлили он расман баргузор мегардид ва ба тавсиб расонидани қонуни нав аз 5 – октябри соли 2009 таҳти рақами №553 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин кадамҳои ҷиддӣ барои баланд кардани устувории забони тоҷикӣ, асоси қонунӣ пайдо кард.
Забони тоҷикӣ сарнавишти зиёда аз 3-ҳазорсола дошта дар таърихи худ давра ба давра тағйиротҳои сиёсию фарҳангиро пушти сар гузоштааст. Забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои ҳинду аврупоӣ мансуб буда, ватанаш кишварҳои Осиёи марказӣ ва бахусус Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон мебошад. Забони тоҷикиро, то ташкил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо номи забони дарӣ ё худ ҳамчун шеваҳои забони форсӣ номгирӣ менамуданд.
Президенти кишвар дар ҳама суханрониҳои хеш ба муносибати Рӯзи забон ба забон ҳамчун рукни ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ арҷгузорӣ намуда, сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамин поя устувор сохтааст. Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони Истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуда ва он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии кишвар мавриди истифода қарор дорад. Маҳз дар партави ҳамин сиёсати миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ забони мо бо доштани имконоти фаровон дар асоси қолабҳои меъёрии суннатӣ ва равишҳои адабӣ дар ҷомеа мақому мартаба пайдо хоҳад кард.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ, таҳдиду хатарҳои он ва бархӯрди тамадунҳо масъалаи ҳифзӣ забон ва фарҳангӣ миллӣ авлавият касб намуд. Зеро забон ин кафили бақои як миллат буда рамзи истиқлол ва озодӣ мебошад. Шароити ҷаҳонишавӣ ва хатару таҳдидҳои он ба сӯйи миллатҳои мутамадин равона шудааст. Ҳифзи забон аз ҳар гуна олудагӣ ва таъмини инкишофи он дар дохил ва беруни мамлакат аз манфиат холи нест. Истиқлоли миллӣ даст дод то миллати тоҷик ба мақоми баланди фарҳангӣ бирасад ва ин дастовард дар заминаи инкишофи забони миллӣ дар тӯлӣ чанд соли соҳибистиқлоли ба ҳисоб меравад. Забон маданияти миллатро ташакул медиҳад ва аз ин роҳ дар гирдоби ҷаҳонишавӣ ҷиҳати ҳифзи истиқлоли миллӣ нақши созгор дошта метавонад.
Кенҷазода Ирфон,
Мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ

