Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҷиҳати иҷрои банди 7 протоколи назоратии назди Сардори Хадамоти муҳоҷират аз 28 сентябри соли 2026, аз ҷониби комиссияи одоби Раёсати Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсат дар байни кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар фурудгоҳ санҷиш гузаронида, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуд.
Дар рафти санҷиш бо кормандони шуъба, ки айни замон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои фаҳмондадиҳиро бо шаҳрвандони меҳнатие, ки аз Федератсияи Россия бозгаштаанд ва он шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, ҳамсуҳбат шуда, бо онҳо дар бораи одоби муошират ҳангоми пешвозгирӣ ва гусели шаҳрвандони ҷумҳурӣ, суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки он шаҳрвандоне, ки омодаи сафар ба хориҷи кишвари доранд, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, доир ба тағйиру иловаҳои нав дар қонунгузории ин кишвар дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида, таъкид намоянд, ки қонунҳои будубоши ин давлатро дидаву дониста вайрон накунанд.
Инчунин, дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон дар мавзӯи муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, моҳияти Созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои ба муҳоҷират вобаста дошта мебошад, мухтассар фаҳмонида диҳанд.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки имрӯзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққатан манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд, боиси нигаронист. Аз ин лиҳоз, Хадамоти муҳоҷират аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари Федератсияи Россияро доранд, хоҳиш карда мешавад, ки аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия огоҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

