Амнияти иттилоотӣ имрӯз на танҳо масъалаи техникӣ, балки масъалаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши нақши он дар муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Амнияти иттилоотӣ маҷмуи тадбирҳоест, ки ба ҳифзи фазои иттилоотӣ аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ равона шудааст. Он ҳифзи маълумот, пешгирии паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва таъмини истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотиро дар бар мегирад.
Дар шароити муосир, фазои иттилоотӣ ба як майдони мубориза табдил ёфтааст, ки дар он давлатҳо, ташкилотҳо ва гурӯҳҳои гуногун барои таъсиррасонӣ ба афкори омма рақобат мекунанд. Дар ин раванд, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ низ фаъолона иштирок намуда, аз имкониятҳои васеи интернет истифода мебаранд. Яке аз сабабҳои асосии фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ дар интернет ин дастрасӣ, арзонӣ ва таъсирнокии баланди он мебошад. Интернет ба онҳо имконият медиҳад, ки ғояҳои ифротиро ба таври васеъ паҳн намоянд, пайравони нав, махсусан ҷавононро ҷалб кунанд, робитаҳои пинҳонӣ барқарор намоянд ва фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд. Илова бар ин, набудани назорати пурра дар фазои маҷозӣ ба чунин гурӯҳҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, видеоҳо, блогҳо ва форумҳо ба шуури одамон таъсир мерасонанд.
Таблиғоти ифротӣ метавонад ба устувории ҷомеа таъсири ҷиддӣ расонад. Пеш аз ҳама, он боиси вайрон шудани арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, афзоиши низоъҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ, паст шудани эътимоди шаҳрвандон ба давлат, зиёд шудани хавфи амалҳои террористӣ мегардад. Гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва ташкилотҳои террористӣ бо дарназардошти ҳолати равонӣ ва иҷтимоии ҷомеа, шиорҳои дорои мазмуни ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиро ба манфиатҳои сиёсӣ ва мазҳабии худ мутобиқ месозанд. Онҳо зоҳиран худро ҳамчун ҳимоятгарони фарҳанги миллӣ муаррифӣ намуда, бар зидди таъсири унсурҳои фарҳангии бегона баромад мекунанд. Аммо дар амал, дар фаъолияти тахрибкоронаи худ аз дастовардҳои пешрафтаи илмӣ-техникӣ ва технологияи муосири ҷаҳонӣ васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла, чунин гурӯҳҳо бо истифода аз силоҳҳои замонавӣ, воситаҳои пешрафтаи алоқа, нақлиёти муосир ва таҷҳизоти ҷамъоварии иттилоот фаъолияти худро самаранок мегардонанд. Дар ин миён, шабакаи ҷаҳонии Интернет барои онҳо имкониятҳои бесобиқа фароҳам овардааст. Маҳз тавассути ин шабака онҳо метавонанд фаъолияти худро пинҳонӣ ба роҳ монда, таъсири иттилоотии худро васеъ намоянд.
Тибқи маълумоти оморӣ, агар дар охири асри ХХ шумораи гурӯҳҳои террористие, ки дорои сомонаҳои интернетӣ буданд, хеле маҳдуд (тақрибан 30 гурӯҳ) бошад, дар оғози асри XXI қариб ҳамаи чунин гурӯҳҳо соҳиби веб-сомонаҳои шахсӣ гардидаанд. Имрӯзҳо шумораи ин гуна манбаъҳои иттилоотӣ ба маротиб афзоиш ёфта, аз ҳазорҳо адад зиёд шудааст. Аз охири солҳои 80-уми асри гузашта Интернет ҳамчун воситаи муҳимми иртибот ва табодули иттилоот ташаккул ёфта, дар тӯли солҳо доираи истифодабарандагони он ба таври назаррас васеъ гардид. Дар ибтидо он ҳамчун василаи наздиксозии фарҳангҳо, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи донишҳои илмӣ ба вуҷуд омада буд. Аммо бо гузашти вақт, истифодаи он хусусияти дигар касб намуд ва ба як майдони паҳншавии иттилооти номатлуб, аз ҷумла ғояҳои ифротӣ ва террористӣ табдил ёфт.
Гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ ва террористӣ аз имкониятҳои интернет барои амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни худ, аз ҷумла таблиғ, ҷалби аъзоёни нав, ҳамоҳангсозии фаъолият ва паҳн намудани иттилооти ғаразнок истифода мебаранд. Дастрасии озод ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва набудани назорати пурра дар фазои маҷозӣ ба онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, бисёре аз васоити ахбори омма ва манбаъҳои иттилоотӣ низ интернетро ҳамчун воситаи асосии паҳнкунии иттилоот истифода мекунанд, ки ин раванд таъсири чунин гурӯҳҳоро боз ҳам бештар мегардонад.
Қобили зикр аст, ки то пайдоиши интернет имкониятҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар самти таъсиррасонӣ маҳдуд буданд, зеро дастрасии онҳо ба аудиторияи васеъ душвор буд. Бо пайдоиши шабакаи ҷаҳонии интернет, ин маҳдудиятҳо бартараф гардида, сатҳи таъсири онҳо ба афкори ҷамъиятӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Дар ин замина, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ яке аз омилҳои асосии густариши ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи иттилоот ва андешидани чораҳои муассир барои маҳдуд намудани фаъолияти чунин сомонаҳо аз шартҳои муҳимми мубориза бо кибертерроризм ба шумор меравад.
Дар ҳақиқат, имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанги иттилоотиро ба роҳ монда, кӯшиш доранд ба устувории иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсири манфӣ расонанд. Дар чунин шароит, вазифаи ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки бо баланд бардоштани сатҳи маърифати иттилоотӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар муқобили чунин таҳдидҳо истодагарӣ намояд.
Исмоилзода Муҳаммадисоқ,
Мутахассиси бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

