• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид

Migration Service by Migration Service
30.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар доираи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, густариши корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва таҳкими огоҳии шаҳрвандон аз талаботи қонунгузорӣ, кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе бо шаҳрвандон чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

Чорабинии мазкур дар Маркази сершуғли муҳоҷират баргузор гардида, ҳадафи асосии он шарҳу тавзеҳи талаботи қонунгузории амалкунанда, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мусоидат ба фаъолияти қонунии шаҳрвандони кишвар дар хориҷи мамлакат арзёбӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷират, тартиби омодагӣ ба сафар, риояи талаботи қонунгузории кишварҳои қабулкунанда ва роҳҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки риояи ҳатмии қонунгузории кишварҳои қабулкунанда, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, муносибати масъулиятнок ба фаъолияти меҳнатӣ ва донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ аз омилҳои муҳимми таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, ба масъалаҳои касбомӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои шуғли шаҳрвандон дар дохили кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Дар ин замина, ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки дар назди Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷират курсҳои омӯзиши забони русӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудаанд. Шаҳрвандони хоҳишманд метавонанд аз ин имконият истифода намуда, ҷиҳати такмили донишу малакаҳои забонии худ дар курсҳои мазкур иштирок намоянд.

Зикр гардид, ки омӯзиши забони русӣ барои шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба хориҷи кишвар ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, яке аз омилҳои муҳими мутобиқшавӣ ба муҳити иҷтимоиву меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамчунин, ба онҳо оид ба тартиби омодагӣ пеш аз сафар, риояи қонунгузории кишварҳои қабулкунанда ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда маълумоти иловагӣ пешниҳод карда шуд.

Баргузории мунтазами чунин чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар раванди муҳоҷират, таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони кишвар равона гардидааст.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Амнияти иттилоотӣ  имрӯз на танҳо масъалаи техникӣ, балки масъалаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ мебошад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.