Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” вохӯрии судманд бо шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, баргузор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, таъкид карда шуд, ки ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағ эҳтиёткор буда, ба суратҳисобҳои шахсони номаълум, фондҳои ношинос ва ё кортҳои шахсони бегона худдорӣ намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, фондҳои қалбакӣ ва шахсони ношинос бо мақсади ба даст овардани маблағҳои муфт, наворҳои сохта, аксҳои тавассути барномаҳои муосир сохташударо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва нашр намуда, аз мардум маблағҳои муфтро гирдоварӣ менамоянд. Дар ин замина ёдовар бояд шуд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи ифротгароӣ ва экстремистӣ бо баҳонаи расонидани кӯмаки хайриявӣ, ёрӣ ба шахсони ниёзманд, зарардидагон ва ё бо дигар мақсадҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандон интиқоли маблағро дархост намуда, дар ин асно фаъолияти ба зоҳир хайриявӣ метавонад аз ҷониби шахсон ё ташкилотҳое амалӣ гардад, ки барои ҷамъоварии маблағ асосҳои қонунӣ надоранд ва ё метавонанд мақсадҳои ғайриқонунӣ дошта бошанд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Россия интиқолдиҳандаи маблағ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Хадамоти муҳоҷират аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба шахсони ношинос, ташкилотҳо, фондҳо ва гурӯҳҳое, ки фаъолияти онҳо ба таври боэътимод тасдиқ нашудааст, маблағ интиқол надиҳанд ва пеш аз фиристондани маблағ ваъзи ҳуқуқии ташкилот ва шахси қабулкунандаро санҷанд. Зарур аст, ки пеш аз анҷом додани ҳар гуна интиқоли маблағ маълумоти пурра дар бораи гирандаи маблағ, номи расмии ташкилот, қонунӣ будани фаъолияти он, реквизитҳои бонкӣ ва мақсади ҷамъоварии маблағ санҷида шавад. Ба реквизитҳое, ки тавассути каналҳои ношиноси Telegram, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ё аз ҷониби шахсони номаълум пешниҳод мешаванд, маблағ интиқол надиҳед.
Дар хотир доред!
Тибқи қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия, маблағгузории терроризм кирдори ҷиноӣ буда, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун барои чунин кирдор ҷазо, аз ҷумла маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 сол ва дар ҳолатҳои муайяншуда ҳатто ҷазои якумра пешбинӣ гардидааст.
Аз ин рӯ, ҳатто агар ҷамъоварии маблағ бо баҳонаи “ёрии хайриявӣ” ё “кӯмаки иҷтимоӣ” пешниҳод гардад, дар сурати мавҷуд будани шубҳа нисбат ба гирандаи маблағ ё мақсади воқеии ҷамъоварӣ, аз интиқоли маблағ худдорӣ намоед.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
