14 октябри соли 2026, дар идомаи сафари корӣ намояндагони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD), бо дастгирӣ ва мусоидати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон, аз ҷумла намояндагии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Рӯшон ва ба номи Назаршо Додхудоев вохӯрии машваратӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои марбут ба тағйироти қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, тартиби бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, риояи талаботи будубоши қонунӣ, омодагӣ ба сафар ва пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот иштирокдорон аз ҷониби масъулин оид ба тартиби истифодаи замимаи мобилии “Амина” маълумот гирифтанд. Зикр гардид, ки тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз 1 сентябри соли 2026 доираи истифодаи замимаи мазкур дар шаҳри Москва ва вилояти он васеъ гардида, он барои бақайдгирии ҷойи зисти категорияҳои нави шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешаванд, пешбинӣ шудааст.
Инчунин, зимни мулоқот зарурати санҷиши пешакии ҳуҷҷатҳо ва огоҳӣ аз талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда таъкид гардид. Ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки риояи қоидаҳои муҳоҷиратӣ барои коҳиш додани хавфи сар задани мушкилот ҳангоми убури сарҳад ва будубош дар кишвари қабулкунанда аҳаммияти муҳим дорад.
Дар рафти вохӯрӣ ба масъалаи пешгирии қаллобӣ ҳангоми расмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Федератсияи Россияро доранд, тавсия дода шуд, ки ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва шахсони пешниҳодкунандаи хизматрасониҳо дар самти дарёфти ҷойи кор, тамдиди бақайдгирӣ, гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ эҳтиёткор бошанд.
Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки маълумотро оид ба қоидаҳои сафар, бақайдгирӣ ва будубош дар Федератсияи Россия танҳо аз манбаъҳои расмӣ ва боэътимод дастрас намоянд. Аз ҷумла, метавонанд ба сомонаҳо ва намояндагиҳои расмии Сафорат ва консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин мақомоти салоҳиятдори кишвари қабулкунанда муроҷиат кунанд.
Дар сурати пайдо шудани саволҳо ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон шаҳрвандон метавонанд ба мутахассисони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ба Намояндагии “Хизматрасонии шиносномадиҳии раводид” (ХШР)-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121, бинои Хадамоти муҳоҷират, муроҷиат намоянд.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда, дар намояндагии мазкур шаҳрвандон метавонанд расмиёти дактилоскопияро гузаранд ва маълумотро оид ба мавҷуд ё набудани маҳдудият барои ворид шудан ба Федератсияи Россия дастрас намоянд. Чунин санҷиши пешакӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон аз вазъи ҳуҷҷатҳои худ огоҳ гардида, сафарашонро бо омодагии бештар ба роҳ монанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки огоҳӣ аз талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ, омодагии пешакӣ ба сафар, санҷиши ҳуҷҷатҳо ва истифодаи манбаъҳои расмии иттилоотӣ аз омилҳои муҳими пешгирии мушкилот ва таъмини будубоши қонунӣ дар кишвари қабулкунанда ба ҳисоб мераванд.
Чунин вохӯриҳои машваратӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва коҳиш додани хавфи қаллобӣ мусоидат намуда, ба омодагии дурусти шаҳрвандон ба сафар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо равона шудаанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
