Кормандони МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”-и шаҳри Хуҷанд, ки тавассути нақлиёти мусофирбарӣ шаҳрвандон ба самти шаҳри Тюмени Федератсияи Россия равонаанд, баргузор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, фаҳмонида шуданд.
Инчунин, доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Дар фарҷом ба суолҳои сершумори шаҳрвандон аз ҷониби кормандони марказ ҷавобҳои мушаххас дод шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
